“Ман бе ту чӣ кор мекардам?” – Солхӯрдагони Душанбе дигар танҳо нестанд
“Наҷотдиҳандагони мо омаданд!” – ҳар боре, ки дари хонаи Елена Степановская, зани танҳои 89-соларо кормандони Ҳилоли Аҳмар мекӯбанд, ӯ чунин мегӯяд: “Наҷотдиҳандагони мо омаданд”. Сарфи назар аз синну солаш ин бону ҳанӯзам ҷавон ва қавиирода ба назар мерасад ва худаш ҳам ин фикрро тасдиқ мекунад: “Ман пир нестам, ман ҳанӯзам тавоноӣ дорам ва шукри Худо, шукри Ҳилоли Аҳмар, шукри ҳамширае, ки ҳафтае ду бор хонаи ман меояд, дар корҳои хона ба ман ёрӣ медиҳад, фишорамро месанҷад, бо ман сӯҳбат мекунад, ба ҳарфи дилам гӯш медиҳад, маро танҳо намегзорад. Ӯ акнун дигар барои ман танҳо ҳамшираи шафқате аз Ҳилоли Аҳмар нест, ӯ ҳамакнун духтари ман аст.” – ашк дар чашмони ин модар ҳалқа мезанад.
Бобои Мирҷамол 74 сол дорад. Остинашро, пас аз он ки Саломатбону, ҳамшираи шафқат аз Ҳилоли Аҳмар фишори хунашро санҷид, поин мекунад ва мегӯяд: “оҳ, агар ҳама мисли Саломат мебуданд, олам гулистон мебуд. Орзу дорам, ки дили пур аз меҳри Саломатро дар ҳар бадане бубинам”. Бобои Мирҷамол се моҳ пеш писарашро гӯр кард, духтараш бошад ҳанӯз замони ҷанги шаҳрвандӣ бо шавҳару фарзандонаш ба Русия рафта буд. Гоҳ-гоҳе ӯ занг мезанад, сӯҳбат мекунанд, ва аз он сӯи гӯшӣ ҳамроҳ бо боди сарди кишвари дур садои гиря ҳам меояд, гиряи духтаре, ки имкони зиёрати падарро надорад.
The original version in English
Дар назди дари дигар Валя-хонумро дидем, бонуи 76-солае, ки ҳамин ҳоло аз бозор бо дасти холӣ баргашта буд: “Ин тухм боз қиммат шудааст” бо лаҳне аз забони ӯ садо дод, ки дилро реш мекард. Ӯ ҳамроҳ бо шавҳараш зиндагӣ мекунад, онҳо фарзанд надоранд. Дед Витяи 82-сола тақрибан 25 доллар ёрипули (нафақа)-и худро ночиз медонад ва лаб ба шиква мекушояд: “ман 46 сол дар се баст барои соҳаи нассоҷии кишвар кор кардам ва акнун фаромӯш шудаам”. Ва сипас оҳанги суханашро иваз мекунад: “Аммо боз ҳам шукр мегӯем, ки сарпаноҳе дорем, шукр мегӯем, ки Ҳилоли Аҳмар ҳаст, шукр мегӯем, ки Сабоҳат (ҳамшираи шафқат) аз ҳоли мо хабар мегирад ва умед дорем, ки солҳои зиёде пои ӯ аз хонаи мо канда нашавад.”
Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сар аз моҳи апрели соли 2011 бо пуштибонии молии Салиби Сурхи Ҷопон ва бо талошҳои ФБҶ СС ва ҲА лоиҳаи “Аёдати пирони танҳо”-ро ба роҳ мондааст ва ин лоиҳа 110 солрафтагони шаҳри Душанберо, ки ҳеҷ касе надоранд ва аксаран аз ҷомеаи русзабони кишваранд, фаро мегирад. Дувоздаҳ ҳамшираи шафқат аз Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳафтае ҳадди ақал ду бор ба хонаи ин пиронсолон мераванд, манзилҳои онҳоро тамиз мекунанд, барояшон рӯзномаву ғизову хӯрокворӣ харида мебаранд, фишори хунашонро месанҷанд ва ба ҳарфи дилашон гӯш медиҳанд.
Ҳамин ахиран, дар пешорӯи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо истифода аз захираҳои боқимонда ба пиронсолони барнома бастаҳои ғизоӣ ва беҳдоштӣ тақдим кард. Бастаҳое, ки рӯяшон ҳини тақдим ашки шодӣ мерехт, чун намудҳое аз он ғизовориро солҳо надида буданд…
Лоиҳа тавони бароварда сохтани ҳама ниёзҳои пиронсолони танҳоро надорад. Баъзеяшон маъюбанд ва солҳо боз аз хона берун набаромадаву, нури офтобро надидаанд, баъзешон маризанд ва ба табобати хуб ниёз доранд, шумореяшон ҳам хуб намебинанд ва иддае аз онҳо хуб намешунаванд. Ёрипулие, ки мегиранд, наметавонад ниёзҳои моддиву беҳдоштияшонро бароварад. Ниёзҳои равонияшон кайҳо паси сояи як луқма нон мондааст. Ниёзҳое, ки Ҳилоли Аҳмар талош дорад, то фаромӯш нашавад. Саломат, ҳамшираи шафқати ин барнома, мегӯяд, “даҳ сол боз ба пиронсолон хидмат мекунам, онҳо ҳамеша ба нигоҳубин, ба таскин ниёз доранд. Барояшон зуд-зуд занг ҳам мезанам, дилбардорӣ мекунам, талош мекунам, то худро танҳову бекасу нолозим нашуморанд”.
Саломатро Лена-хонум Шурочка ном ниҳодааст. Мегӯяд, Шурочка танҳо нафарест, ки ӯро имрӯзҳо мебинад. Ва мӯйи сарашро навозиш карда, мегӯяд: “Шурочка, Шурочкаи ман, ман бе ту чӣ кор мекардам, а?”
Ганҷина Бобоқулова, Масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеа, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Намояндагӣ дар Тоҷикистон











