Home > disaster management > Маълумот оид ба фаъолияти оинномавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012

Маълумот оид ба фаъолияти оинномавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012

February 11, 2012

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар соли гузашта корҳои назаррасеро ба сомон расонид.

Қисми чаҳорум: Мудирияти офатҳо 

 

Қисми аввал ин ҷост

 

Қисми дуввум ин ҷост

 

Қисми саввум ин ҷост

 

Омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода яке аз самтҳои асосии фаъолияти  ҶҲАТ  мутобиқи Стратегияи  ҶҲАТ барои солҳои 2008-2012 мебошад. Фаъолияти ҶҲАТ дар самти тайёрӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода асосан аз рўй  талаботҳои «Нақшаи миллии омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода», Меморандуми ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶҲАТ, «Нақшаи эҳтиётии миллии эътино ба ҳолатҳои фавқулода» амалӣ мешавад.

Дар асоси маълумотҳои аз бахшҳои ҶҲАТ ворид гардида, дар давраи ҳисоботӣ рухдиҳии зиёда аз 48 офати табиӣ бақайд гирифта шудааст, ки 1530 нафар шаҳрвандон зарари  моддӣ дида, зиёда аз 6 нафар фавтидаанд, 87 хона пурра  ва 167 хона қисман хароб шуда ба 1530 нафар кўмаки фаврӣ расонида шудааст. Ба шахсони зарар дида  аз боришоти  моҳи июни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ноҳияҳои Панҷакенту Ашт аз тарафи Марказҳои эътино ба ҳолатҳои фавқулода маводи ғайрихўрокаи аввалиндараҷа ҷудо шуда ба ҳамаи зарардидагон тақсим карда шудааст. Бо кўмак ва дастгирии КМ ҶҲАТ аз тарафи ФБҶСС ва ҲА фонди таъҷилии эътино баҳолатҳои фавқулода (DREF) гирифта шуд. Ба воситаи ин фонд ба 86 оила дар ноҳияи Ашт ва 1 оила дар ш.Панҷакент кўмаки башардўстона дар намуди маводи ғайрихўрока расонида шуд. Инчунин ба 21 оилаи аз офат пурра зарардида хаймаҳо тақсим карда шуд. Миқдори умумии баҳрагирандагон 87 оиларо ташкил медиҳанд ва маблағи умумии масрафшуда, зиёда аз 198,000 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҷойҳои фалокат ихтиёриён, аъзоён, кормандон ва танзимгарони барномаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодаи бахшҳои ҶҲАТ фаъолона иштирок намудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ санҷиши Нақшаи эҳтиётии бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кўлоб ва нақшаи эҳтиётии бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо тарзи амалӣ ва ҳамкорӣ бо КҲФваМГ гузаронида шуд. Барои 22 намояндагони Кумитаҳои маҳаллӣ оид ба омодагию эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Қурғонтеппаю ва Кўлоб семинарҳои омўзиши гузаронида шуду 2 900 маводи иттилоотӣ тақсимот шудааст.

Дар миқёси Ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ дар минтақаҳои Кўлобу Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, н.Шуғнони ВМКБ, н.Рашт, н.Тавилдара, ш.Ваҳдат 8 лоиҳаи митигасионӣ амалӣ шудааст. Лоиҳаи ДИПЕКО 6, бо ном «Таъмини устувори ҷомеаҳо ба ҳолатҳои фавқулода тавассути коҳиши сатҳи хатари офатҳо» мантиқан давоми лоиҳаи соли 2010 мебошад. Барномаи ДИПЕКО-6 дар 9 шаҳру ноҳияи зерини вилояти Суғд(шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Исфара, Ашт, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Ғончӣ, Панҷакент, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ) амалӣ гардид. Дар вилояти Суғд дар доираи барнома 46 ҷамоат ва 118 мактаб фаро гирифта шудааст. Дар ҳамаи 46 кумитаҳои маҳаллӣ анборҳо мавҷуд буда, бо пуррагӣ бо маводи зарурӣ: занбар, белу каланд, мегафон, қуттии ёрии аввал, музаҳои резинӣ таъмин карда шудаанд. Ин анборҳо барои он ташкил карда шудаанд, ки ҳангоми рух додани офати табиӣ, аъзоёни кумитаи маҳаллӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода бо истифодаи маводи анбор ба офат ҳарчи зудтар эътино намуда, хавфи хатарро пастар намоянд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи ташкилоти ЕСНО (Комиссияи Аврупо) маблағгузорӣ шуда аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ҳамкории консорсиум амалӣ мешавад. Ба  консорсиум Ҷамъиятхои Миллии Саиби Сурхи Амрико, Олмон, Ҳолланд ва Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дохил шуданд.

Моҳҳои феврал ва марти соли 2011 бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар байни мактаббачагони 118 мактабҳои вилоят озмунҳои расмҳо ва иншои беҳтарин дар мавзўи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода(ҳ-ф) ва расонидани ёрии аввал эълон намуд. Ба ғолибони озмун бо тўҳфаҳо тақдим карда шуданду ва ба урдугоҳҳои тобистона низ роҳхат гирифтанд. Тавассути барнома ба ҳамаи муштариёни ширкати мобилии “T-Cell” хабари кўтоҳи «8-май рўзи умумиҷаҳонии ССваҲА. Бо Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода омода бошед» фиристода шудааст.

Аз рўи лоиҳа 46 машқи амалӣ гузаронида шудааст, ки миқдори умумии баҳрагирандагон зиёда аз 100 нафар аҳолии маҳалҳо мебошанд. Омўзиши минтақавии байни  кормандони Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон гузаронида шуд. Барномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) – «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» аз тарафи Кумитаи Байнамилалии Салиби Сурх (КБСС)  кўмаки молию маълумотӣ гирифта айни ҳол дар ҳафт навоҳии (Шаҳритус, Панҷ, Ҷиликул, Қумсангир, Ҳамадонӣ, Шўрообод ва Фархор) вилояти Хатлон  ва шаш ноҳияи вилояти (Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Ашт, Конибодом ва Исфара) Суғд фаъолият дорад.

Ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти Ҳендикап Интернешнл оид ба лоиҳаи татбиқшудаи соли 2011 дар ҳамкории зич бо ҶҲАТ баргузор гардид.  Ин лоиҳаи тадқиқоти дар ҳамкорӣ бо ҶҲАТ дар се ноҳияи (Панҷакент, Ашт,Исфара) назди сарҳадии вилояти Суғд амалӣ шуд ва мақсади он муайян намудани натиҷаи кори барномаҳои «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо»  ва дониш, муносибат ва таҷрибаи сокинони ин маҳал нисбат ба хатари мина ва муҳимоти нотаркида мебошад. Дар натиҷаи муайян гардид, ки 70% -и одамони дар маҳали хатарнок сукунатдошта аз хатари минаҳо огоҳӣ доранд. Бақайдгирии ҳодисаҳои таркиши маводи тарканда дар деҳаҳои Шуле ва Шулмаки ноҳияи Рашт зарурияти фаҳмонидани қойидаҳои рафтори бехавф ба сокинони деҳаҳои номбурдаро пеш овард. Корҳои омўзиши ва фаҳмондиҳиро созмон дода шуданд. Мутаассифона дар давоми се моҳи аввали соли 2011 ду таркиши минаҳо яке дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дигараш дар нохияи Фархори вилояти Хатлон ба амал омад, ки  дар натиҷа дар ҳар ду таркиш одамон ҷони худро аз даст доданд. Мувофиқи нақашаи кории барнома дар ноҳияи Панҷи минтақаи Қурғонтеппа-вилояти Хатлон семинар оиди хатари минаҳо гузашт.  Дар семинар қариб 35 кас аз новоҳии Қумсангир, Ҷиликул, Шаҳритус ва худи ноҳияи Панҷ иштирок намуданд. Ба мақсади фаро гирифтани ҳамаи табақоти аҳолӣ намоянадгони узбекзабон ва инчунин туркманзабон аз ноҳияҳои Ҷиликул ва Шаҳритус даъват карда шуданд. Дар байни иштирокчиён зиёда аз 350 адад плакатҳо, варақаҳои маълумотӣ тақсим карда шуданд.  Инчунин дар соли 2011 ба миқдори 3000 адад маводи иттилоотӣ оид ба барнома дар байни аҳолии ҷаомоатҳои хатарноки вилояти Хатлон, Суғд ва қисман водии Рашт тақсим карда шудааст. Умуман аз солҳои 90 то имрўз 831 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз таркиши минаҳо ва муҳимоти тарканда зарар дидаанд, ки аз онҳо 364 нафар ҳалок ва 467 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.  Дар соли 2011 дар натиҷаи ду таркиш ду нафар шаҳрванд ҳалок шуда як нафар захмдор гардид.

Тавассути барномаи «Иштироки ҷомеа дар идоракунии обхезӣ» вохўрӣ бо ҳамкорон дар идораи AKTED диор гардид. Ҳамкорон аз натиҷаҳои мониторингҳои гузаронида шуда шинос шуданд ва тавсияҳои ҶҲАТ-ро ба инобат гирифтанд. Вохўрӣ бо кормандони АКТЕД доир ба мувофиқа кардан оиди маводи ёрии аввал гузаронида шуд. Аз рўи дархости ҳамкоронамон аз ТҒҲ «Ғамхор» -ӣ барои гузаронидани семинарии расонидани ёрии аввал дар гузаронидани 2 машқи амалӣ дар ноҳияи Шўрообод мусоидат карда шудааст. Машқҳои амалӣ дар н. Шўрообод, ҷамоати Ёл, деҳаи Саримагзор ва дар қишлоқи Хирманҷо ба тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд. Дар моҳи август ва сентябри соли 2011 аз тарафи кормандони барнома ба ташкилоти АКТЕД кўмак дар гузаронидани машқҳои амалӣ барои 36 деҳаи вилояти Хатлон оиди эътино ва тайёри ба ҳолатҳои фавқулода расонида шудааст. Дар ҳар як машқ аз 45 то 55 нафар аҳоли иштирок мекарду то 120 нафар тамошобин барои худ чизе мегирифтанд. Умуман аз машқҳои гузаронидашуда зиёда аз 4000 нафар оиди эътино ба ҳ-ф маълумот гирифтанд. Дар баргузории машқҳо намояндагони Бонки рушди Осиё, намояндаҳои мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣи иштирок доштанд.

Тавассути барномаи «Хадамоти Ҷустуҷў» -и ҶҲАТ корҳои зайл ба анҷом расонида шудаанд.

Чораҷўиҳо Ҷамъ:
1 Дастраскунии мактубҳо дар варақаҳои Салиби Сурх, ҳамагӣ: 21
1.1 Дастраскунии мактубҳо дар дохили кишвар 34
1.2 Дастраскунии мактубҳо ба беруни  кишвар 23
2. Ҷустуҷўи наздикон, ҳамагӣ: 13
2.1 Дар кишвар  (ҷустуҷўи дохилӣ) 18
2.2 Берун аз кишвар (ҷустуҷўи беруна) 12

Дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо дигар кормандони барномаҳо бо тарзи зиндагии муҳоҷирони афғон, ки дар ш.Ваҳдат иқомат доранд, шинос шуда дар бораи кору фаъолияти Ҳаракати Байналхалқии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҶҲАТ маълумот дода варақҳои иттилооти паҳн намудаанд. Кори корманди барнома дар назди бахши ҶҲАТ –и минтақаи Қурғонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон ва ВМКБ баҳогузорӣ карда шудаанд. Бахши Бадахшонии ҶҲАТ як мизи мудаввар бо иштироки хабарнигорон журналистон ва намояндагони маориф ва намояндагони хукумати Бадахшон ва масъулини барнома аз миссияи КБСС ва Дастгоҳи иҷроияи КМ ҶҲАТ дар мавзўи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ»доир кардааст. Бо ҳамроҳи барномаҳои «Воридшавии бехавф», «Тарғиби арзишҳои башардўстӣ ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар” дар назди бахшҳои ҶҲАТ –и ш.Турсунзода, н.Рўдакӣ ва Варзоб семинарҳои якҷоя гузаронидаанд. Масъулини барнома дар семинарҳои сатҳи Ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок кардаанд. Барномаи «Кўмаки башардўстона ва тиббӣ ба зарардидагони низоъҳои мусалаҳона» мутобиқи нақаши корӣ дар ш.Исфара, н.Рашт семинарии омўзишӣ барои ихтиёриёни барнома гузаронидаанд. Иштирокчиён бо маводи зарурии расонидани ёрии аввал таъин карда шуданд. Мақсади барномаи «Коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар ш.Душанбе»(бо дастгирии Салиби  Сурхи  Олмон  ва  Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Федеративии Олмон) коҳиши хавф мебошаду имрўзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омўзишӣ бо ҷалби мутахасиссони дар н.И.Сомонӣ ва Шоҳмансури ш.Душанбе мегузаронанд.

Барномаи «Огоҳкунии аҳолии ш.Душанбе аз заминларза» (бо дастгирии Салиби Сурхи Амрико) дар сатҳи бахши ҶҲАТ дар ш.Душанбе амалӣ мешаванд. Барномаи «Огоҳкунии аҳолии ш.Душанбе аз заминларза» аз моҳи апрели соли 2011 сар шудаасту мутобиқи Шартномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф, Ҳукумати ш.Душанбе корҳои омўзиши фаҳмондадиҳиро дар ш.Душанбе ба роҳ мондаанд. Барномаи «Тағирёбии иқлим» дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии ФБСС ва ҲА дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд якумин семинари якҷояи «Тағирёбии иқлим» бо «Беҳдоштии об» гузарониданд. Моҳи майи соли ҷорӣ тренинги дохилӣ барои кормандон, ихтиёрон ва котибони иҷроияи бахшҳои Қурғонтеппа ва Кўлоб дар доираи барномаи Тағирёбии иқлим гузаронида шудааст.

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.