Archive

Archive for February 25, 2012

Талошҳо барои Восеъ ва Ҳамадонии амн ва бидуни сил

February 25, 2012 Comments off

Кормандони тиббии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ бо роҳҳои муайян кардани нишонаҳои маризии сил, табобати он ва асосҳои баргузории иқдомҳои маърифативу беҳдоштӣ миёни аҳолӣ, махсусан, гирифторони сил ва аҳли хонадони онҳо шинос шуданд.

Ин ҳама омӯзишҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Ҷилавгирӣ аз маризии сил дар сатҳи ҷомеа рӯзҳои 16-уми то 21-уми январи соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардиданд. Лоиҳаи мазкурро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ду ноҳияи вилояти Хатлон – Восеъ ва Ҳамадонӣ иҷро мекунад ва ин лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти Салиби Сурхи Финландия пуштибонии молӣ мебинад.

Дар маҷмӯъ, дар давраҳои омӯзишии моҳи январ 18 пизишк ва 78 ҳамшира аз ниҳодҳои тиббии Восеъ ва Ҳамадонӣ иштирок карданд. Ба онҳо мутахассисони муҷаввиздор аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс гуфтанд. Бо таъкиди муҳиммияти ин омӯзишҳо, ҷаноби Миралиев, муовини раиси шӯъбаи беҳдоштии минтақаи Кӯлоб ба иҷрогари лоиҳа – ҶҲАТ ва маблағгузорони он – Иттиҳоди Аврупо ва Салиби Сурхи Финланд барои пуштибонӣ аз мақомот дар мубориза бо маризии сил изҳори сипос намуд. Ӯ гуфт: “Барномаи Шумо барои густариши стротежии ДОТС дар минтақаи мавриди ҳадаф хеле муҳим аст. Талошҳои Шумо имкон медиҳад, то тавоноии ниҳодҳои беҳдоштии минтақа дар мубориза бо маризии сил беҳтар гардад”. 

Efforts for Safe and TB-free Vose and Hamadoni

 

 Бино бар омори Маркази миллии ҷилавгирӣ аз густариши сил, сатҳи густариши сил дар Тоҷикистон 382 ба 100,000 ва сатҳи гирифторӣ ба сил 206 ба 100,000 дар соли 2010 ҳисоб шудааст, ки дар феҳраси Созмони ҷаҳонии беҳдошт баландтарин рақам дар минтақаи Аврупо маҳсуб мегардад. Камбуди огаҳии аҳолӣ аз роҳҳои ҷилавгирӣ, нишонаҳо ва табобати сил, ташхиси дер ва табобати нокомил аз иллатҳои аслии густариши сил унвон мегардад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар мубориза бо сил моҳи декабри соли 2010 лоиҳаи вижаи худро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши сил дар ҷануби кишвар роҳандозӣ кард. Лоиҳа дусола буда, 127 деҳа дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадониро бо ҷамъи 320 000 аҳолӣ фаро мегирад. Ҳадафаш ҳам боло бурдани огаҳии аҳолӣ ва қишрҳои осебпазир аз маризии сил, коҳиши табъизу стигма, мусоидат дар табобати гирифторони сил, расонидани ёрии равонӣ ба маризон ва аҳли хонадони онҳо, ва тақвияти тавоноии ниҳодҳои тиббии ноҳияҳои мавриди ҳадаф мебошад.

Лоиҳа ба сӯи мақсуди худ тавассути занҷираи васеъи иборат аз ихтиёриён, пешвоёни ҷомеаҳо, кормандони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллии занон бо муваффақият қадам мезанад. Иброҳим Ғиёсов, масъули лоиҳа, мегӯяд, “мо 254 ихтиёрии таълимдида дорем, ки ба хонадонҳо мераванд, огаҳии мардумро доир ба ин мавзӯъ боло мебаранд, ва онҳоеро, ки нишонаҳои маризӣ доранд, барои табобат ҳидоят мекунанд. Мо, ҳамчунин, кормандони ниҳодҳои тиббии маҳаллиро омӯзиш медиҳем, мардуми маҳаллиро тарғиб мекунем, то барои ҷомеаи худ як фазои бехавферо эҷод намоянд. То имрӯз, дар ҳар ду ноҳия тақрибан 600 мактаббача бо барномаҳои омӯзишӣ доир ба сил фаро гирифта шудаанд. Тақрибан 600 бастаи беҳдоштӣ ба гирифторони сил тақсим шудааст. Барномаи мо бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон, марказҳои маҳаллии мубориза бо сил, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Барномаи рушди СММ ва лоиҳаи Ҳоуп ҳамкориҳои қавӣ дорад”.

Categories: Finnish RC, TB Tags: ,
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.