ҶҲАТ

Red Crescent Society of Tajikistan. Information in English

Общество Красного Полумесяца Таджикистана. Информация на русском

 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз кӯҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, сар аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

Дирӯз

Дар соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶҲАТ-ро ба ҳайси ҷамъияти фароҷумҳурии мустақил, ихтиёрӣ ва иҷтимоъӣ пазируфт. Дар соли 1997 ҶҲАТ узви Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гардид.

Имрӯз

ҶҲАТ дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ ба мисли сел, лағзиши замин, хушксолӣ ва зилзилаҳо, ки мутаассифона, зуд-зуд дар Тоҷикистон рух медиҳанд, нақши калидӣ мебозад. Ҷамъият, ҳамчунин, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. ҶҲАТ дар саросари ҷумҳурӣ 69 шӯъба ва беш аз 15.000 ихтиёрӣ дорад. Дар соли 2010 Порлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни вижаи “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”-ро ба тасвиб расонид ва бо ин васила дорои замонатҳои давлатӣ ва афзалиятҳо будани Ҷамъиятро эътироф кард. Нақшаҳои барномавии феълии ҶҲАТ бо ҳадафҳои саросарии Федератсияи байнулмилалӣ ва Стротежии 2020 мувофиқанд. Самтҳои калидие, ки Федератсияи байнулмилалӣ дар соли 2011 дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад, аз ҷумла, сиҳҳатӣ ва беҳдоштӣ, мудирияти офатҳо, арзишҳо ва асосҳо ва тақвияти сохтории Ҷамъиятро фаро мегиранд.

ҶҲАТ бо аъзои дигари Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх, ҳамчунин, бо созмону кишварҳои ёрирасони дигар, ки бевосита ба Ҳаракат рабте надоранд, ҳамкориҳои наздик дорад.

Фардо

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рушд ва тақвияти шӯъбаҳои минтақавии худро идома медиҳад, то фаъолияти онон бо қишрҳо ва мардуми осебпазир муассир бошад. Ҳамчунин, кор бо аъзо ва ихтиёриён аз авлавиятҳои Ҷамъият хоҳад буд, зеро маҳз бо ёрии онҳо ҶҲАТ қодир аст, то саривақт ба чолишҳо ва имконҳои ҷаҳони зудтағйир вокуниш нишон бидиҳад.

 

Барномаҳо Маблағгузор/Ҳамкор
Шӯъбаи тиббӣ-иҷтимоӣ
Ҷилавгирӣ аз густариши сил/DOTS Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА)
Ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ/СПИД ФБҶ СС ва ҲА
Об ва беҳдоштӣ СС-и Шведсия, СС-и Норвегия, СС-и Испания
Саломатӣ ва робитаҳои байнулмилалӣ Вазорати умури хориҷаи Ҳолланд
Ёрии аввал ва саломатии ҷомеа Иттиҳоди Аврупо, СС-и Финландия
Шӯъбаи мудирияти офатҳо
Омодагӣ ва вокуниш ба офат ФБҶ СС ва ҲА, Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Финландия, Норвегия ва Шведсия, DFID
ДИПЕКО 6 DG-ECHO
Огаҳӣ аз хатароти минаҳо Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх
Иштироки ҷомеа дар мудирияти обхезӣ Бонки осиёии рушд/ACTED
Барқарор кардани робитаҳои оилавӣ Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх
Дастрасии амн Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх
Шӯъбаи рушд ва робитаҳои байнулмилалӣ
Тарғиби арзишҳои башардӯстӣ ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати байнулмилалии СС ва ҲА Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх
Ёрии башардӯстона ва тиббӣ ба осебдидаҳои муноқишаҳо Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх
Марказҳои иттилоотӣ-таълимӣ барои муҳоҷирони корӣ ФБҶ СС ва ҲА
Барномаи ҷавонон ФБҶ СС ва ҲА
Рушди созмонӣ ФБҶ СС ва ҲА
Мусоидат ба тавлиди даромад ҶҲАТ
Рушди шӯъбаҳои минтақавӣ Вазорати умури хориҷаи Ҳолланд
Рушди аввалияи созмонӣ Ҷамъияти Салиби Сурхи Финландия

 

  1. No comments yet.
  1. No trackbacks yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.