Рушди созмонӣ
Дар давоми сол шўъбаи рушди ҶҲАТ тибқи накшаи кории худ дар ҳамкорӣ бо дигар бахшу сохторҳо иқдомоти муайянеро амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар чаҳорчўбаи омодагӣ барои гузаронидани ҷаласаи солонаи КМ ҶҲАТ 27 январи соли 2010 ва эълоншавии соли 2010 соли ташкилотҳои ибтидоӣ бахшҳои маҳаллӣ ва ҳудудии ҶҲАТ корҳои назаррасеро анҷом доданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба рўзи таърихии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маросимҳои бошукўҳи ҷашнӣ баргузор шуда, дар онҳо дар хусуси таърих, моҳият, мақсад ва мароми Ҷунбиши Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба мардум маълумот дода шуд.
Тибқи маълумоти аз бахшҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ расида, дар давраи зикршуда теъдоди умумии аъзоён ба 14458 нафар, шумораи кулли ихтиёриён ба 15559 нафар ва шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ ба 1114 адад расидааст. Ҳоло дар сохтори ҶҲАТ 69 бахшҳои ҳудудӣ ва маҳаллӣ мавҷуд буда, дар баробари раисон ва котибони иҷроияи ин бахшҳо боз кормандони барномаҳои омодагию вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ, рушд, ҷавонон ва ихтиёриён, тиббӣ-иҷтимоъӣ ва дигар кормандон фаъолият менамоянд. Теъдоди бештари бахшҳои ҶҲАТ бо утоқҳои корӣ таъмин ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар иртибот бо иҷрои индикаторҳои Нақшаи стратегии ҶҲАТ метавон гуфт, ки бахши рушд дар фаъолияти худ тайи соли сипаришуда ин масъаларо ба таври муназзам мавриди таваҷҷўҳ қарор дода, дар равишҳои рушди ташкилоти маҳаллӣ ва кор бо ҷавонону ихтиёриён аз 7 индикатори Нақшаи стратегӣ ба 6-тояш дастёб гардид. Дар чаҳорчўби ин индикаторҳо дар давоми соли 2010 иқдомоти зайл амалӣ гардид: Таҷрибаи кори бахшҳои маҳаллии ҶҲАТ –и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҷеъ ба гузариш ба сохтори нав ва роҳбарии ташкилотҳои ноҳиявию ибтидоӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, дар маҷлиси сайёри Раёсат дар назди бахши ҶҲАТ –и н.Рашт баррасӣ ва ба дигар бахшҳо ба унвони намуна пешниҳод шуд. Семинарҳое дар мавзўи «Роҳбарӣ ва идоракунӣ» барои афроди нав интихобшуда баргузор гардида, дар онҳо равишҳои мухталифи фаъолият ва аз он ҷумла ҷамъоварии маблағ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
БАРНОМАИ РУШДИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ БАХШҲО

Бахши рушди ҶҲАТ бо риояти Қонун «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва принсипҳои бунёдии Ҷунбишиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тайи соли 2010 тибқи нақшаи корӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Дар чаҳорчўбаи барномаи рушди бунёдин тайи давраи ҳисоботӣ асосан иқдомоти оинномавӣ амалӣ гардид. Аз ҷумла, арзёбии оинномавии тамоми бахшҳои ҶҲАТ дар сатҳи вилоятҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳо анҷом дода шуда, натоиҷи он дар ҷаласаи Раёсати ҶҲАТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин давра, ҳамчунин, номгўи вазифаҳои хидматии тамоми кормандони Дастгоҳи иҷроияи КМ ҶҲАТ ва кормандони маҳаллии он бозбинӣ гардиданду, фаъолияти кории кормандони ҳамаи сатҳҳо баҳогузорӣ шуданд. То охири соли 2010 шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ ба 1114 адад, аъзоён 14458 нафар ва ихтиёриён 15559 нафарро ташкил медиҳанд.
Бахши рушд дар ҳамкорӣ бо бахши иқтисоду молия дар ростои рушди молиявӣ низ корҳои муайяне анҷом дод, аз ҷумла, тибқи аудити анҷомшуда дар баргузории ҳисоботи молии тамоми бахшҳои ҶҲАТ саҳмгирӣ намуд. Низоми ҳисобдории 1С дар бахши ҶҲАТ вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаҳои Кўлобу Қурғонтеппа насб гардид ва иқдоми пайвастшавии дигар бахшҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Курсҳои омўзишӣ барои аъзои мақомоти роҳбарӣ, иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар назди бахшҳои ҶҲАТ –и вилояти Суғд, ВМКБ ва минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон дар мавзўъҳои “Таърих ва фаъолияти имрўзаи Ҳаракат, роҳбарӣ, идоракунӣ, роҳҳои нави ҷамъоварии маблағ” гузаронида шуд. Кормандони Дастгоҳи иҷроияи КМ ҶҲАТ дар муҳокимаи Стратегияи Ҳилоли Аҳмари Туркманистон барои солҳои 2011-2015 иштирок карданд.
Бар илова, дар заминаи Стратегияи тавофуқномаи ҳамкорӣ (CAS) мулоқот бо ҳамкорон, яъне намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурхи Ҳолланд, Олмон ва Финланд баргузор гардида, дар ин мулоқотҳо масъалаҳое аз қабили пуштибонӣ аз ихтиёриён, коркарди сиёсат дар заминаи ҷамъоварии маблағ, сатҳи музди кормандон, тартиби Шартномаи ҳамкорӣ, тартиби сиёсати бақайдгирӣ, тартиби сиёсати кадрҳо, бозбинии Стратегияи ҶҲАТ барои солҳои 2008-2012 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Барориши маркаҳои маблағҷамъкунӣ ба миқдори 400 ҳазор адад барои ҷамъоварии маблағ бо дастгирии молии намояндагии Чамъияти Салиби Сурхи Холланд роҳандозӣ гардида, барои пиёда намудани ин ҳадаф барои ҳамаи бахшҳои ҶҲАТ миқдори муайяне ба унвони таҷрибавӣ интихоб гардиданд. Ҳамаи бахшҳои ҳудудию маҳаллии ҶҲАТ дар паҳнкунии маркаҳои мабалағғундорӣ фаъолона саҳм мегиранд. Бо мақсади мустаҳкамкунии иқтидори бахшҳои маҳаллии ҶҲАТ лоиҳаи фоидаовари бахши ҶҲАТ дар ш.Хуҷанд (харгўшпарварӣ) аз ҷониби КМ ҶҲАТ дастгирӣ пайдо кард. Тавассути барномаи мазкур сохтмон ва ба истифодадиҳии идораи маъмурии бахши ҶҲАТ дар н.Файзобод ба анҷом расонида шуд.
РУШДИ БАХШҲОИ МАҲАЛЛӢ
Дар заминаи барномаи мустаҳкамкунии иқтидори бахшҳои маҳаллии ҶҲАТ, ки ҳадаф аз он таҳкими тавони ҶҲАТ дар заминаи тарҳрезӣ ва ба таври судбахш пиёда намудани барномаи омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ, коҳиши хатари фоҷиаҳо дар сатҳи ҷамоатҳо ва ҳамчунин амалӣ намудани барномаҳои ёрии аввалия ва тарвиҷи тарзи зиндагонии солим дар миёни мардум мебошад, дар вилоятҳои Суғду Хатлон (минтақаи Қурғонтеппа) ва Кўҳистони Бадахшон амал менамояд. Дар заминаи ин барнома ҷамоатҳое дар ҳамкорӣ бо барномаи кўмаки аввалия (аз бахши тиббӣ-иҷтимоӣ) интихоб гардида дар байни аҳолии ин ҷамоатҳо давраҳои омузишӣ ва корҳои инфиродӣ ташкил карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ тренерҳои омўзишдиҳанда дар ҷамоатҳо ва дар байни мактабиён давраҳои омўзишӣ ва мулоқотҳо баргузор намуда, кормандони ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо омўзишдиҳандагон формаҳои ҳисоботӣ барои сабти ном шудани омўзгорон ва ихтиёриёнро омода намуданд.
Дар давраи мазкур аз миёни мактабиён 86 нафар ихтиёриёни нисбатан фаъол интихоб гардида, дар заминаи расонидани кўмаки аввалия омўзиш диданд. Барои омўзонидани аъзои ҷамоатҳо ва мактабиён дар заминаи расонидани ёрии аввал дар минтақаи Қурғонтеппа 12 нафар омўзонандагон (тренерҳо) интихоб гардиданд. Тайи як сол ҳар омўзонанда 6 нафар ихтиёриро бо омўзиш фаро мегирад ва дар навбати худ ҳар кадоме аз ин ихтиёриён дар ҷамоат ва ё мактаби мушаххас фаъолият хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир, дар 48 ҷамоат ихтиёриён бо 6179 адад аъзои хонаводаҳо мулоқот намудаанд. Ва дар давраи ҳисоботӣ 24 нафар ихтиёриён 2120 нафар мактабиёнро омўзонидаанд. 42 адад кумитаҳои маҳаллӣ роҷеъ ба ҳолатҳои изтирорӣ ба паҳн намудани иттилооти марбута дар заминаи ҳолатҳои изтирорӣ ва офатҳои табиӣ машғуланд.
Ҳар як кумитаи маҳаллӣ 60 хонаводаро (ба таври мутавассит 300 нафар дар сол) бо омўзиш фаро мегирад, ки ин миқдор дар давоми сол 2640 хонаводаро ташкил хоҳад дод. Дар давраи ҳисоботӣ 12 кумитаи маҳаллӣ ташкил карда шудааст ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд. Барои сохтмони идораи маъмурии бахши ҶҲАТ дар н.Рўшони ВМКБ корҳои омодагӣ (ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани сертификати замин) ба анҷом расонида шудаанду, корҳои сохтмонӣ сар шуданду, ошёнаи якум ва боми бино сохта шуданд. Тозакунии канал дар ш.Нораку гузаронидани хатти канализатсионӣ дар ш.Қурғонтеппа ва бо таҷҳизоти шустушўии зарурӣ таъминкунии беморхонаи касалиҳои рўҳии ВМКБ барномаҳои иҷтимоӣ ва митигатсионии давраи ҳисоботӣ ба шумор мераванд. Кушодашавии Маркази омўзиши ёрии аввал дар назди бахши ҶҲАТ –и ш.Норак, дастурамали “Ташкили расонидани ёрии аввал” гузаронидани мусобиқаҳо оид ба расонидани ёрии аввал, омўзиши 1464 нафар занони Марказҳои иҷтимоии вилояти Суғд дастовардҳои асосии барнома мебошанд. Бахшҳои таҷрибавӣ дар чорчубаи барнома тавонистанд, офисҳои кориро таъмир намоянд, марказҳои ҷавононро ташкил намоянд, бо мебел ва компютер, фотоаппаратҳо таъмин шаванд, семинару треннингҳо гузаронанд.
БАРНОМАИ АФЗАЛИЯТҲОИ БАШАРДЎСТӢ ВА ХАДАМОТИ ИТТИЛООТӢ
Барномаи мазкур аз ҷониби ФБҶСС ва ҲА дастгирӣ меёбад. Дар соли 2010 хадамоти иттилоотӣ кори худро хеле ҷоннок намуд. Дар Кумитаи марказии ҶҲАТ, дар бахшҳои вилоятии Суғд, ВМКБ, дар минтақаҳои Курғонтеппа ва Кўлоб мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагиҳои васоити ахбори умум, кормандони рўзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ гузаронида шуд, ки боиси мунтазам ва сари вақт дарҷ гардидани ахбороту гузоришҳо оиди фаъолияти ҶҲАТ ва ташкилотҳои минтақавии он шуд. Дар ин давра зиёда аз 50 варақаи иттилоотӣ, 30 ахборот аз тариқи телевизион ва радиои тоҷик, баромади роҳбарияти ҶҲАТ, намоиши филми 15 дақикагӣ, 45 мақолаву ахборотҳо оиди самтҳои фаъолияти ҶҲАТ дар минтақаву шаҳру ноҳияҳо чоп шуданд.
БАРНОМАИ КОР БО ИХТИЁРИЁН ВА ҶАВОНОН
Роҷеъ ба барномаи кор бо ҷавонон ва ихтиёриён, бояд гуфт, ки тайи давраи зикршуда дар асоси он дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмону идораҳои дахлдор корҳои муайяне анҷом шудааст. Роҷеъ ба барномаи Кор бо ҷавонону ихтиёриён низ дар давраи ҳисоботӣ иқдомоти муассире пиёда карда шуд. Дар ин давра дар маркази иттилоотии ҶҲАТ омор роҷеъ ба тамоми ихтиёриён дохил карда шуда, семинарҳои омўзишӣ ва урдугоҳҳои истироҳатӣ баргузор шуданд. Дар деҳаи Ҷелондии н.Шуғнони ВМКБ урдугоҳи омўзишӣ барои ихтиёриёни фаъоли ВМКБ ташкил карда шуд. Мақсади асосоии гузаронидани урдугоҳ ташкили гурўҳи фаъоли ихтиёриён буд. Ташкилотҳои ибтидоӣ дар 2 донишгоҳи ҷумҳурӣ (педагогӣ, техникӣ) ташкил карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 8 мусобиқаи футболбозӣ байни гурўҳҳои ихтиёриён гузаронида шудааст. Гузаронидани маъракаҳои “бозиҳои хурди олимпӣ” бо ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар нн.Рашт, Нуробод, Хуросон ва ш. Ваҳдат бо дастгирии ташкилоти амрикоии “«Сумка Самаритянина» қобили қайд мебошад. Ихтиёриёни барнома дар маъракаҳои эмкунӣ зидди бемории фалаҷ фаъолона иштирок карданд. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии СС ваҲА дар назди бахшҳои ҶҲАТ – и шш.Душанбе, Қурғонтеппа, Хоруғ чорабиниҳо гузаронида шуданд.
Тавассути ихтиёриёни барнома ба шахсони аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон кўмаки ёрии аввал ва дастгирии психологӣ расонида шудааст. Бахшида ба Рўзи ҷаҳонии «Муҳофизати кўдакон» дар ш.Душанбе консерти хайрия гузаронида шуд. Якҷоя бо офиси СС Ҳолланд лоиҳаи рушди фаъолияти барномаи ҷавонон ва ихтиёриён омода мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ 36 маъракаи гуногуни хайрия тавассути ихтиёриёни барнома гузаронида шудааст. Оиди эълоншавии соли 2011 соли ихтиёриён нақша-чорабинии алоҳида тартиб дода шудааст. Се ихтиёрии ҶҲАТ бо кўмаки Барномаи минтақавии ҲА Туркия дар урдугоҳи тобистонаи Ҷумҳурии Туркия ширкат намуданд.
БАРНОМАҲОИ ФОИДАОВАРИ КМ ҶҲАТ
Дар чаҳорчуби барномаи фоидаовари Кумитаи марказии ҶҲАТ (занбурпарварӣ), ки дар чанд ноҳияи ҷумҳурӣ амал менамояд, 4 маротиба мониторинг гузаронида шудааст. Саршумори занбӯроилаҳо дар бахши ҶҲАТ ш.Панҷакент ҳоло 77, н.Тоҷикобод 36, н. Нуробод 36 ва н.Тавилдара 33 мебошад. Ҷамъи умумӣ 192 занбӯроиларо ташкил медиҳад. Аз ҳисоби даромади софи солона 51% барои кўмаки башардўстона ба оилаҳои ниёзманд, 20% барои рушди барнома, 4% барои хароҷоти нақлиёт, 10% барои музди меҳнати занбӯрпарвар сарф шуда, 15% ба хазинаи дастгоҳи иҷроияи КМ ҶҲАТ ворид шудааст. Аз сабаби он ки имсол дар саросари ҷумҳурӣ боду ҳавои номусоид омад ва аз саршавии баҳор то давраи кашиши асал бориши зиёд ва яку якбора хушкшавии гиёҳҳои ширадор шуда гузашт, ба фаъолияти занбӯрпарварӣ таъсири сахт расонид ва имкон надод, ки ҳаҷми ба нақшагирифтаи солонаи асал пурра ҷамъоварӣ гардад. Барномаи фоидаовари қутоспарварӣ дар назди бахши ҶҲАТ дар ВМКБ мувофиқи пешниҳоди санади ҳисобӣ саршумори чорвои калони шохдор 121 сарро ташкил медиҳад.
БАРНОМАИ ТАРҒИБОТИ ДОНИШҲОИ АФЗАЛИЯТҲОИ БАШАРӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Дар чаҳорчўби барномаи тарғиби арзишҳои башарӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, 6 адад иқдоми муҳим дар сатҳи ҷумхурӣ бо ихтиёриён баргузор шуд ва тавассути маводи чопӣ ва дигар иқдомот роҷеъ ба авлавиятхои башарӣ ва ҳуқуқи байнулмилалӣ дар иртибот бо Ҳаракати ҷаҳонии СС ва ҲА ба мардум маълумот дода шуд. Ҳамчунин, 150 вохӯрӣ бо 4915 шунаванда ва 40 семинар бо фарогирии 830 нафар иштирокчӣ гузаронида шудааст. Ҷиҳати сайқал додани донишҳои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои вилоятию минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ семинари ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ дар замони имрўза гузаронида шуд. Дар семинари мазкур иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба Ҷунбиш ва ва паҳлӯҳои ҳуқуқии онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, тибқи нақшаи кории барнома дар шаҳри Хуҷанд семинари омўзишӣ барои муаллимони фанҳои «Ҳуқуқи инсон» ва «Мудофиаи ҳарбӣ» доир ба ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур дар доираи созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгири Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гузаронида шуд. Дар семинар устодони мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд, ки аз фанҳои «Ҳуқуқи инсон» ва «Мудофиаи ҳарбӣ» таълим медиҳанд, иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар соли ҷорӣ дар таърихи ҷамъият воқеаи муҳим рух дод. Санаи 12-уми январи соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» қабул карда шуд. Қабули Қонуни мазкур ҳамкории ҷамъиятро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам намуда, як қатор мушкилотҳои ҷамъият ҳалли худро ёфтанд. Дар ин замина, бо иштироки намояндагони вазоратҳои мудофиа, тандурустӣ, маориф, адлия ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Сафарҳои хидматӣ ҷиҳати ошноӣ бо фаъолияти бахшҳои ҳудудии Суғду Бадахшон, Курғонтеппа ва Кўлоб ва мониторингҳо анҷом дода шудааст.
БАРНОМАИ РУШДИ ҶОМЕА БО ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ОН
Дар доираи барномаи Рушди ташкилотҳои ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ корҳои ҷавобгўи нақша-чорабиниҳои барнома амалӣ гардиданд. Барнома дар шаҳрҳои Нораку Ваҳдат ва ноҳияҳои Нурободу Данғара амалӣ карда мешавад. Ҳадаф аз ин барнома паст намудани хавфи ҳолатҳои изтирорӣ ва бемориҳои вогир дар хонаводаҳои ниёзманд аз тариқи боло бурдани сатҳи маҳорату малакаи онҳо бо истифода аз имконоти ташкилотҳои ибтидоӣ иборат аст. Мутобиқи меъёрҳои талаботи барнома кормандон ба таври озмун ба кор қабул шудаанду, рафти амалишавии барномаи ҷавобгўи нақшаи корӣ мебошад. Дар доираи фаъолияти барнома корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд: омўзиши лоиҳа, ташкил ва гузаронидани корҳои рушди сохтори роҳбарӣ, гузаронидани вохўриҳои семоҳаи ҳамоҳангсозии барнома, интихоби деҳа ва ҷамоатҳо барои амалишавии барнома, ташкили гурўҳҳои ихтиёриён, муайянкунии мушкилиҳои ҷомеа, тартибдиҳии нақшаи тараққиёти деҳа, тартибдиҳии лоиҳаҳо. То имрўз шиноснома, нақшаи тараққиёти деҳа тайёр карда шудаанд ва 12 лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз бахшҳои ҶҲАТ –и шш.Ваҳдат, Норак, нн.Нуробод, Данғара пешниҳод шуданду амалӣ гаштанд. Аз барномаҳои пешниҳодшуда 9 лоиҳаи таъминкунии оби тоза ва 3 лоиҳаи митигатсионӣ мебошанд. Барнома аз тарафи Салиби Сурхи Финландия дастгирӣ меёбад.
БАРНОМАИ МАРКАЗИ ИТТИЛОРАСОНӢ ВА ОМЎЗИШӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН
Барномаи Марказҳои иттилоотӣ ва омўзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин давра иқдомоти мушаххасеро амалӣ намуд. Дар 5 марказ, ки дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Роштқалъа, Шаҳристон ва Ашт фаъолият менамоянд, дар заминаи омодагии ҳуқуқӣ, омўзиши забони русӣ ва истфода аз компютер ва аз интернет аз оғози барнома то инҷониб зиёда аз 7189 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва инчунин мактаббачагон аз мактабҳо ва донишомўзон аз донишкадаҳои касбӣ-техникӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ашт аз маркази иттилоотӣ-омўзишӣ барои муҳоҷирон дар давоми сол зиёда аз 1320 муҳоҷир ва оилаи онҳо бо омӯзиш фаро гирифта шуданд, ки 426 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад.
Дар маркази иттилоотӣ-омўзишии барои муҳоҷирони ноҳияи Панҷ ба 1158, ноҳияи Восеъ ба 1300 нафар, ноҳияи Шаҳристон 1687 ва дар ноҳияи Роштқалъа 1724 муҳоҷири меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо хизматрасониҳои дар боло зикршуда пешниҳод гардид. Зимни ин барнома ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба марказҳои мазкур ташриф меоранд, машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардида ва инчунин ба хоҳишмандон аз байни онҳо дарси омўзиши забони русӣ ва компютер ройгон гузаронида шудааст. Шумораи нафароне, ки аз марказҳо боздид мекунанд, рўз то рўз зиёд мешаванд. Дар давоми давраи мазкур ҳар як марказ бо ду бастаи компютери нав таъмин карда шуда, ҳармоҳа бо маводи китобат таъмин карда мешавад, аз ҷумла утокҳои маркази иттилоотӣ-омузишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар н. Ашт ва Шаҳристон ва Восеъ аз нав таъмир карда шуданд.
Дар муддати давраи ҳисоботӣ 1500 нусха китобча (буклет) –и «Роҳнамо барои муҳоҷири меҳнатӣ» бо забони тоҷикӣ ва русӣ чоп карда ба ҳама марказҳо фиристода шуд, ки он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақсим карда шуд. Дар давоми давраи ҳисоботӣ дар тамоми марказҳо барои муҳоҷирон ва ихтиёриён ва инчунин кормандони марказҳо аз рўи нақшаи барнома аз тарафи тренерҳои ҶҲАТ дар вилоятҳо дар мавзўи ВНМБ, сил ва дигар бемориҳои сироятӣ ва ёрии аввал тренинг-омўзиш гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар маркази иттилоотӣ-омўзишӣ барои муҳоҷирон дар ноҳияи Ашт 2 тренинг бо иштироки 40 муҳоҷир ва ихтиёрӣ, дар Шаҳристон 2 тренинг бо иштироки 30 ихтиёрӣ ва муҳоҷир ва дар Панҷ, Восеъ ва Роштқалъа бо иштироки 45 нафар як маротибаӣ чунин тренингҳо гузаронида шуд.
Дар чорабиниҳое, ки бахшида ба Рўзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ, Рўзи пешгирии бемории сил, Рўзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории ВИЧ/СПИД дар ноҳияи Ашт гузаронида шуд, зиёда за 500 муҳоҷир ва ихтиёрии барномаи мазкур фаъолона иштирок намуданд. Инчунин, ихтиёриёни барнома ва муҳоҷирон дар ноҳияи Шаҳристон дар якҷоягӣ бо кумитаи ҷавонони ноҳия чорабинӣ бахшида ба Рўзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД фаъолона иштирок намуданд. Танзимгарони марказҳо, котибони иҷроияи вилояти Суғд, Хатлон ва ВМКБ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон барои иштирок дар вохўрии навбатии шабакаи ҷамъиятҳои милли Ҳилоли Аҳмари Осиёи Миёна оиди муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд ва рафти вохўрӣ фаъолияти марказҳо ва дигар масъалаҳои ҷории вобаста ба муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



