Ҳилоли Аҳмар футбол мебозад

Се даста – Кумитаи марказии ҶҲАТ, Бахши душанбегии ҶҲАТ ва Бунёди швейтсарии зидди мина (FSD) миёни ҳам барои Ҷоми Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар рақобат карданд.

Бозиҳо:

Кумитаи марказӣ 5:4 Бахши душанбегӣ

Кумитаи марказӣ 11:0 FSD

Сабқат дар фазои дӯстона баргузор гардид. Таҷрибаи нахустини футболӣ нишон дод, ки ин гуна чорабиниҳои варзишӣ мухлиси зиёд дорад ва бояд дар оянда бештар баргузор гардад. Пирӯзи асосии ин мусобиқа – Дӯстӣ ва Рафоқат буд!

Categories: RCST Volunteers Tags:

Red Crescent plays football

Three teams – RCST Headquarter, RCST Dushanbe Branch and Swiss Foundation for mine action (FSD) – competed with each other for the Red Crescent Cup of May Month football competition.

Matches:

RCST HQ 5:4 RCST Dushanbe Branch

RCST HQ 11:0 FSD

It is been very positive and great friendly environment competition and the first football experience showed that this kind of sport events should be organized more often in the future.  All the participants got positive impressions and had pleasure of the matches. This competition had the main winner – Friendship!

Categories: RCST Volunteers Tags:

Мусоҳиба бо Эрик Мишел-Селйе, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон

Бознашр аз хабаргузории  ”Озодагон”

Суол: Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, аз соли 1994 дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Барномаҳои Федератсия аз чаҳор ҷузъи калидӣ иборатанд: пешбурди ақида ва арзишҳои инсондӯстӣ; вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода; омодагӣ ба фоҷеаҳои табиӣ; ва саломатии ҷомеа. Раҳбарии намояндагии ин созмонро дар Тоҷикистон ҷаноби Эрик Мишел Селйе бар дӯш дорад. Ҷаноби Мишел Селйе барои сеюм бор аст, ки бо маъмурият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар маҷмӯъ, беш аз даҳ сол умри худро сарфи хидмат ба мардуми тоҷик кардааст. Ҳамакнун, аз ин масъули варзида ва пуртаҷрибаи Федератсияи байнулмилалӣ хоҳиш бикунем, ки доир ба созмони худашон маълумоти бештар ба мо бидиҳанд:

Ҷаноби Мишел-Селйе ҳини боздид аз як ятимхона дар шаҳри Душанбе

Посух: “Қабл аз ҳама ба Шумо барои таваҷҷӯҳатон ба фаъолияти мо ташаккур мегӯям. Мо ҳамеша талош мекунем, то бо расонаҳои хабарӣ ҳамкориҳои хуб роҳ биандозем ва тавассути ин расонаҳо мардумро, ки мақсаду мароми асосии фаъолияти мо ёрӣ ба мардум аст, аз фаъолиятҳои худ, комёбиҳо ва чолишҳои худ, аз нақшаҳои ояндаи худ иттилоъ бидиҳем ва ҳам арзишҳои башардӯстиро тарғиб намоем.

Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар соли 1919 дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар пайи Ҷанги аввали ҷаҳонӣ таъсис гардид. Ин ҷанг нишон дод, ки ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх барои ҳамкории наздиктар миёни худ ниёз доштанд. Дар ҷараёни ин ҷанг Ҷамъиятҳои Салиби сурхи кишварҳо ба воситаи фаъолиятҳои башардӯстонаи худ дар қиболи асирони ҷангӣ таваҷҷӯҳи миллионҳо ихтиёриро ба худ ҷалб карданд ва ба созмонҳои нерӯманд ва пуртаҷриба мубаддал гаштанд.

Ҳенрӣ Дэйвисон, раҳбари Кумитаи марбут ба ҷангҳо дар Салиби Сурхи Омрико нахустин шуда, пешниҳод кард, то як федератсияе бо узвияти Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ташкил гардад. Як ҳамоиши байнулмилалии тиббӣ, ки бо ибтикори ин мард баргузор гардид, бо таваллуди Лигаи ҷамъиятҳои Салиби Сурх анҷом ёфт. Исми ин созмонро дар моҳи октябри соли 1983 Лигаи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар карданд ва дар моҳи ноябри соли 1991 номи ҳозираи худро – яъне, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гирифт.

Ҳадафи созмони мо дар ибтидо беҳтар кардани саломатии мардум дар кишварҳое буд, ки аз ҷанг зарар дидаанд. Шиораш ҳам “ваҳдат ба хотири фаъолияти беҳтар ва бештари Ҷамъиятҳои мавҷудаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва тарғиби ташкили ҷамъиятҳои нав” буд.

Ин созмонро панҷ Ҷамъияти миллӣ: Салиби Сурхи Бритониё, Салиби Сурхи Фаронса, Салиби Сурхи Итолиё, Салиби Сурхи Ҷопон ва Салиби Сурхи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико таъсис додаанд. Шумори аъзои Федератсия хеле зуд афзоиш меёфт ва дар ҳоли ҳозир 187 Ҷамъияти миллӣ узви ин созмон мебошанд. Аз ҷумла, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар соли 1997 узви Федератсия гардид”.

Суол: “…вале худи Федератсия ба Тоҷикистон пештар омадааст, то дар баробари фаъолиятҳои дигар, ҳамчунин, ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои узвият дар Федератсия ёрӣ бидиҳад, ҳамин тавр не?”

Посух: “Оре, намояндагии Федератсия аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз рӯзҳои нахусти ҳузурамон дар Тоҷикистон мо талош дорем, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ёрӣ бирасонем.

Дар оғоз барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ироаи ғизо ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Сол аз сол Федератсия барномаҳои худро тавсеа дод ва ба феҳраси барномаҳои худ лоиҳаҳое оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, ёрӣ ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиву вогиршиносӣ ва рушди созмониро илова намуд. Ин ибтикорҳо дар ҷараёни чандин фаъолиятҳои фаврӣ пас аз вуқӯъи офатҳои табиӣ, ба мисли селу обхезиҳо, хушксолӣ ва камбуди ғизо, чанд офати табиии хурди дигар ва ғайра рӯидаст гирифта шуданд.

Сар аз соли 1999, Федератсия ва ҶҲАТ аз барномаҳои ёрирасонӣ ба тақвияти иқтидори созмонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо роҳи иҷрои барномаҳои Мудирияти офатҳои табиӣ, Беҳдоштӣ, Рушди созмонӣ ва Арзишҳои Инсондӯстӣ гузаштанд.

Суол: “Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон як кишвари осебпазир аз офатҳои табиист, метавонед дар бораи барномаҳои худ дар ин самт иттилоъи бештар бидиҳед?”

Ҳини боздид аз манотиқи зарардида аз зилзила дар водии Рашт

Посух: “Шумо комилан дуруст мегӯед, ки Тоҷикистон як кишвари осебпазир аз офатҳои табиист ва сабабаш ҳам дар ҷойгиршавии ҷуғрофии ин кишвар аст. Гувоҳи равшани ин ҳарфҳо арқоми расмист, ки танҳо дар аз моҳи январи ҳамин сол бад ин сӯ дар Тоҷикистон тақрибан 200 офати табиӣ рух додааст. Мо тамоми талоши худро дар ин муддат барои расонидани ёрӣ ба шумори ҳарчӣ бештари мардуми зарардида равона кардем. Мо ахиран ба бештар аз 3,000 сокини ноҳияи дурдасти Мурғоб ёрии ғизоӣ расонидем, асосан ба оилаҳои осебпазир, ба мисли хонадонҳои серфарзанд, оилаҳое, ки саробонашон зан аст, пирони барҷомонда ва танҳо ва маъюбон. Мо имсол Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар расонидани ёрии фаврӣ, ба монанди хаймаҳо, маводи сохтмонӣ, бастаҳои ёрии аввал, бастаҳои беҳдоштӣ, ва расонидани ёрии аввалу равонӣ дар вилояти Хатлон ва водии Зарафшон дастгирӣ кардем.

Намунаи тозатарини фаъолиятҳои мо дар ҳангоми офатҳои табиӣ зилзила дар водии Рашт мебошад. Ҳамон замон ба минтақа масъулони Ҳилоли Аҳмар рафтанд, то ба мардум ёрии аввал расонанд, ниёзҳои онҳоро биомӯзанд ва вазъашонро баҳогузорӣ намоянд ва онҳоро бо маводи лозима таъмин кунанд. Ман ҳамин ахиран аз Тавилдара баргаштам ва он ҳама харобиҳоро бо чашми худ дидам. Хурсандона, ин офат пурқурбонӣ набуд, ба бахти мардум, онҳо аз зери харобаҳо ҷон ба саломат бурданд, вале, мутаассифона, онҳо ҳама чизи худро аз даст доданд – сарпаноҳи худро, сарвату дороиҳои худро, молу амвол ва гову гӯсфандҳои худро…. Мо дар ин ҷо ҳам мардуми зарардидаро бо маводи мавриди ниёзи аввалия, ба мисли бастаҳои беҳдоштӣ ва ёрии аввал, зарфҳои обкашонӣ, таҷҳизоти ошхона, болишу кӯрпа, маводи сохтмонӣ ва ғайра таъмин кардем.

Мудирияти офатҳо яке аз самтҳои бартари фаъолияти мо мебошад ва ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо дар ҷодаи мудирияти офатҳо, коҳиши хатар ва вокуниши сареъ таҷрибаи ғанӣ дорем.

Мо ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ёрӣ медиҳем, то тавоноии худро ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ боло бибаранд, нерӯи зеҳниву молии Ҷамъиятро боло мебарем ва ҳамчунин, ба ҷомеаҳои осебпазири маҳаллӣ ёрӣ медиҳем, то беҳтар омода бошанд ва дониши бештар дошта бошанд. То имрӯз мо дар роҳи рушд ва тақвияти тавоноиҳои ҶҲАТ дар ин самтҳо ба комёбиҳо ноил гардидаем.

Мо мехоҳем мардуми маҳаллӣ беҳтар ва бештар омодаи вокуниш ба ҳолати изтирорӣ бошанд, мо онҳоро тамрин ва таълим медиҳем ва аз иқдомҳои марбут ба коҳиши хатари офатҳо пуштибонӣ мекунем. Мо чорабиниҳои иттилоотӣ ва огоҳсозӣ баргузор менамоем, шогирдон ва омӯзгорони мактабҳоро таълим медиҳем, ки чӣ гуна ба офатҳои баъдӣ вокуниш нишон бидиҳанд ва барои онҳо давраҳои омӯзиши омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ ва расонидани ёрии аввал баргузор менамоем. Мо лоиҳаҳои митигатсионӣ роҳандозӣ мекунем, то маҳаллаҳои осебпазирро аз эҳтимолияти лағзиши замин, сел, обхезӣ ва офатҳои дигар эмин доштаву, хатари офатҳоро коҳиш бидиҳад.

Дар маҷмӯъ, ҳадафи мо дар самти мудирияти офатҳо коҳиши хатари рух додани офат мебошад, мо мехоҳем ҷомеаҳо омӯзишдида ва омодаи вокуниш бошанд ва пас аз офатҳо ҳарчӣ зудтар ва осонтар эҳё бигарданд.

Суол: “Моҳи май барои нахустин бор дар Тоҷикистон Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар таҷлил мегардад. Агар дар тамоми ҷаҳон танҳо як рӯз – 8-уми май ҳамчун Рӯзи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷашн бигардад, дар Тоҷикистон як моҳи пурра ба ин ҷашн бахшида шудааст. Ин як моҳ, ба андешаи Шумо, ба Ҳилоли Аҳмар чӣ медиҳад?

Посух: Хуб, он ки ин Моҳвора ба мо чӣ медиҳад. Ин Моҳвора таваҷҷӯҳи ҳазорон нафарро дар Тоҷикистон ба корҳои хайр ва эҳсон ҷалб мекунад, ба ниёзҳои дигарон ҷалб мекунад. Ман мутмаинам, ки то охири ин моҳ шумори ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмар бештар мегардад, бидуни ихтиёриён мо наметавонистем ба ин қадар одамони зиёд ёрии худро расонем.

Ман мутмаинам, ки шумори одамоне, ки мехоҳанд дасти ниёзмандеро бигиранд, бештар хоҳад шуд, чун ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш Рӯдакии бузург гуфта буд, гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ман боварӣ дорам, ки ҷавонони зиёди тоҷик ба мо ёрӣ хоҳанд дод, то ба дигарон ёрӣ бидиҳем. Чун ман медонам, ки ҷавонони тоҷик ба сарнавишти миллати худ, ҳамсояҳо, хешутабор ва дӯстони худ бепарво нестанд.

Мо ҳам ҷузви ҳамин мардумем. Мо ҳам дарди мардумро ҳис мекунем. Ягона ниятамон ҳам ёрӣ ба мардум аст. То ки мо ба ниёзмандон ёрӣ расонида тавонем, чунин афрди хайрхоҳе мисли Шумо аз кишварҳои гуногун моро дастгирӣ мекунанд. Агар барои як пири барҷомондае дар Ишкошим доруворӣ харида тавонистем ва ё аз ятимхонае дар Хуҷанд боздид карда тавонистем, пас ин маънои онро дорад, ки дар ин иқдомҳо моро шояд кадом як хайрхоҳи дигаре аз Осло ва ё шояд Токио ёрӣ додааст. Ман ин шаҳрҳоро ҳамчун мисол оварда истодаам, вале дар маҷмӯъ, мехоҳам бигӯям, ки агар дасте барои ёрӣ дароз шуд, пас ҳатман нафаре пайдо хоҳад шуд, ки ин дасти фитодаро бигирад.

Categories: ifrc Tags:

Interview with Eric Michel-Sellier, IFRC Country Representative in Tajikistan

Q: Could you please, tell us about IFRC history and mission

Mr Michel-Sellier visiting an elderly house in Vahdat city

A: “First of all, let me express my sincere gratitude to you for your interest to our activities. We highly appreciate it and we always try to establish good relationships with media, as through media we can inform people about our mission and current programmes, our achievements and challenges, our future plans, as well as to promote humanitarian values.

The International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies was founded in 1919 in Paris in the aftermath of World War I. The war had shown a need for close cooperation between Red Cross Societies, which, through their humanitarian activities on behalf of prisoners of war and combatants, had attracted millions of volunteers and built a large body of expertise.

It was Henry Davison, president of the American Red Cross War Committee, who proposed forming a federation of these National Societies. An international medical conference initiated by Davison resulted in the birth of the League of Red Cross Societies, which was renamed in October 1983 to the League of Red Cross and Red Crescent Societies, and then in November 1991 to become the International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies.

The first objective of the IFRC was to improve the health of people in countries that had suffered greatly during the four years of war. Its goals were “to strengthen and unite, for health activities, already-existing Red Cross Societies and to promote the creation of new Societies”.

There were five founding member Societies: Britain, France, Italy, Japan and the United States. This number has grown over the years and there are now 187 recognized National Societies – one in almost every country in the world. Including Tajik Red Crescent Society became a member of the International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies in 1997”.

Q: …but the Federation itself established its Representation earlier to assist RCST to become an IFRC member, right?

A: “Yes, exactly. The IFRC permanently presence in Tajikistan since 1994. From our very first days of activity in Tajikistan we do our best to provide assistance to the most vulnerable population in close cooperation with the Red Crescent Society of Tajikistan.

At the very beginning the Federation programmes in Tajikistan has been developed with focus on food provision to vulnerable population and medical supplies to health care institutions. Year by year the Federation has extended the variety of programme initiatives, including disaster preparedness and response, relief targeting the most vulnerable, community-based first aid and public health campaign, water and sanitation projects and organizational development. These initiatives have been implemented with a number of emergency response operations caused by natural disasters, such as floods and avalanches, drought, food deficit, small-scale disasters, etc.

Since 1999, the Federation and RCST have gradually shifted from relief programmes to strengthening organizational capacity of the Red Crescent Society of Tajikistan through Disaster Management, Health and Care, Organizational Development, and Principles and Values programmes.

Q: Could you please tell us more about your programmes on disaster management, as we know how Tajikistan is prone to natural disasters?

During visit to earthquake-affected area of Rasht valley

A: “You are right that Tajikistan is prone to natural disasters considering its geographical character and location. The clear evidence of these words is the official figures that only from this January Tajikistan witnessed about 200 natural disasters and we did our best to reach as more affected people as we could. We delivered food assistance to more than 3,000 people in Murghob district, mostly vulnerable families, such as multi-children families, families headed by women, elderlies and invalids. We supported Tajikistan Red Crescent in delivering immediate assistance, including materials, hygiene and first aid kits, shelters, non-food items and provision of psychological and first aid to people affected from floods in Khatlon region and Zarafshan valley.

The latest example of our activities in disasters is earthquake in Rasht valley. We immediately sent our people to visit the area, to deliver first aid and psychological aid, to assess the needs of people and to provide them with whatever they need. I have visited Tavildara and I witnessed all those destructions. Happily, there were not big casualties, people were lucky to survive from the destructions, but unfortunately, they lost whatever they had – a roof on their head, properties, livestock, etc… We provided people with goods of primary necessity, such as hygiene and first aid kits, water cans, cooking sets, mattresses, pillows, construction tools and other.

The Disaster Management is one of the priority directions of our activities in Tajikistan and I can say this with fully confidence – we have extensive experience in disaster management, risk reduction and emergency responses. We support Tajikistan Red Crescent Society and the related governmental agencies in the disaster response, to prepare manpower and resource, as well as we support vulnerable communities to be more prepared and informed. Till today we have achieved considerable achievements in development and enhancement of RCST disaster preparedness and response capacity and strengthening the disaster management capacity of vulnerable communities.

We want the communities to be prepared for, and to respond to disasters, we train them and we support disaster risk reduction activities, we held disaster-risk awareness campaigns/activities, and we train secondary school students and teachers to respond to future disasters through integrated disaster preparedness/awareness and first-aid trainings. We implement mitigation projects to reduce the potential effects of landslides, mudslides and floods on vulnerable communities living in most disaster-prone areas.

In general, our mission in disaster management is to decrease the risk of disaster occurrence and to have trained and prepared communities to respond disasters and to recover as soon and as smooth as possible after disasters.

Q: Tajikistan celebrates the Month of RC in May for the first time in history. The whole world celebrates it only one day, but in Tajikistan the whole month is devoted to this month. What does it give us, in your opinion?

A: “What does it give us? It attracts the thousands of Tajik citizens to the charity and mercifulness, to the needs of thousands others. I believe that the army of volunteers for the Red Crescent will increase by the end of this month, without volunteers we were not able to reach so many people in need and help them.

I believe that the number of people, who want to take an extended and asking-for-help hand, will increase. Thousand year ago your famous poet Rudaki the Great said: “Гар дасти фитодаеро бигирӣ, мардӣ”.

I believe that many young Tajiks will help us to help others? As I know that Tajik youth is not indifferent to the fate of its nation, neighbors, relatives and friends.

We are also part of nation. We feel the pain of people in need. And the only target of us is to help people. In order we could help people in need, such merciful people as you are from many other countries support us. If we were able to buy medicines for an elderly in Ishkashim or visit an orphanage in Khujand, than it means that somebody, a merciful person somewhere in Oslo or Tokio gave money to us to do that. I am bringing the names of these cities just an example, but in general I mean that if any hand was extended asking for help, there always should be somebody who can take this hand.

Categories: ifrc Tags:

Пеш кӯдакон гум мешуданд, акнун онҳоро мерабоянд

Шаҳлои Гулхоҷа

Порае аз гузориши торнамои Озодӣ дар иртибот ба Рӯзи кӯдакони беному нишон

Зулфия Нуралиева, танзимгари барномаи хадамоти ҷустуҷӯи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ як рӯзи пеш бо кӯмаки онҳо модаре духтари худро пайдо кард, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ бедарак шуда буд. Ҳоло духтари вай дар Исроил ба сар мебурдааст.

Зулфия Нуралиева гуфт: Вақте ки мо аз Исроил нома дарёфт кардем, дарҳол ба модараш хабар додем, ки духтари шуморо пайдо кардем. Бовар кунед он зан ҳамчунон бо алам гирист ва гуфт, ин ягона фарзанди ман аст. Ва тамоми умеди ман ҳам ба вай буд. Барои модар фироқи фарзанд хеле сахт аст. Ин зан аллакай бемор шудаву тӯли чандин сол бо фарзандаш тамоми алоқаро аз даст дода буд.”

Зулфия Нуралиева гуфт, дар муддати 3 соли фаъолияти онҳо беш аз 100 нафар барои пайдо кардани пайвандон муроҷиат кардаанд ва ин хадамот 13 нафари онҳоро ёфтааст. Ва аммо Зулфия Нуралиева бо нигаронӣ мегӯяд, ки ҳоло одамрабоӣ ба як тиҷорат табдил ёфтааст: «Ашхосе ёфт мешаванд, ки кӯдаконро бероҳа мекунанд. Ва ин ноболиғон ба ваъдаҳои гуногуни ин нафарон дода шуда, аз дунболашон мераванд. »

Бо ин ҳама кормандони мақомоти интизомии кишвар мегӯянд, як мушкили аслӣ дар ҷустуҷӯву пайдо кардани кӯдакони гумшуда, ин сари вақт муроҷиат накардани волидон ба ниҳодҳои дахлдор аст.

Ин хам дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорихои Тоҷикистон, афроди бенишоншуда то пайдо кардани далели марги онҳо, фавтида шумурда намешаванд. Ба ҷуз аз онҳое, ки дар вақти ҷанг ва офатҳои табиӣ нопадид гаштаанд.

Иштироки Ҳилоли Аҳмар дар Дави миллӣ

Ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо пероҳану кӯлоҳи сафеду сурхи худ ва бо парчамҳои Ҳилоли Аҳмар дар даст ҷузви муҳимми Дави миллии имсола дар таърихи 20-уми май буданд.

Дави миллӣ аз дарвозаи Варзоб сар шуд ва тақрибан то ба ҳамаи маркази пойтахти Тоҷикистон давом кард.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамроҳ бо ихтиёриён ва кормандони бахши душанбегии худ бо хушнудӣ ба ин чорабинии муҳим шарик гардиданд. Ҷамъият ҳамаи 60 ширкатдори Давро бо пероҳан, кӯлоҳ ва парчамҳо таъмин намуд. Бештар аз 50 корманду ихтиёрии Ҷамъият, ҳамчунин, дар Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд низ иштирок карданд.

Набиҷон Сиддиқшоев, ҳамоҳангсози барномаи ҷавонон ва ихтиёриёни ҶҲАТ, мегӯяд, ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмар дар ҷараёни чорабинии варзишӣ имкони дидор бо ихтиёриёни созмонҳои дигар ва баррасии ҳамокриҳои ояндаро доштанд. Ӯ таъкид мекунад, ки “ҳамчунин, дар ин моҳ барномаҳои гуногуни марбут ба ҷавонон, ихтиёриён ва тарзи солими зист баргузор гардиданд, то ки дониши иштирокчиёнаш бештар гардад, иттилооти нав бигиранд, таҷрибаи ҳамро биомӯзанд ва имкони ҷалби ҷавонони нав ба Ҳаракат пайдо гардад”.

Даҳ давандаи беҳтарин бо ҳадяҳои махсус аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар қадрдонӣ гардиданд. Парвиз Шарифов, яке аз ин давандаҳо ва ихтиёрии Ҳилоли Аҳмар, мегӯяд, “Ман намедонистам, ки ин қадар тез медавам J. Шӯхӣ мекунам, албатта. Мехоҳам ба созмондиҳандагони ин сабқат сипос гӯям ва умедворам, ки Ҳилоли Аҳмар низ бо ҳамон суръате рушд мекунад, ки ихтиёриёнаш медаванд”.

Оид ба чорабиниҳои Моҳвора

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 504 аз 7 октябри  соли 2011 оид ба “Тартиб, шарт ва мўҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар” моҳи май моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст. Дар доираи чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар Консерти хайриявӣ мизи мудаввар оид ба фаъолияти Ҳаракати Байналхалқии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мувофиқи барномаи ҶҲАТ баргузор хоҳад шуд ва дар доираи он Ҷамъият метавонад аз иншооти варзишӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ истифода мегардад.

Барномаҳои Моҳвора баргузории интишори мақолаву хабарҳо оид ба фаъолияти ҶҲАТ дар расонаҳо, эълони озмунҳои гуногун, баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, консерти хайриявӣ, маҳфили зарифон, мизи мудаввари телевизионӣ,  ва иқдомҳои хайрия, доир намудани тамриноти амалӣ, чорабиниҳои мухталифи иттилоотӣ миёни мардум ва ғайра иборат хоҳанд буд.

Дар доираи ин Моҳвора алакай чорабиниҳои зерин гузаронида шуд:

Рўзи 4 Майи с. 2012 дар толори «Анри Дюнани» ҶҲАТ Нишасти матбуотӣ оид ба моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Воситаҳои Ахбори Омма, намояндагони масъули ҶҲАТ, Федератсия байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх, Салиби Сурхи Олмон ва Финланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рузи 5 Майи соли 2012 дар толори «Кохи Ҷомӣ» консерти хайриявӣ бо иштироки сарояндагон ва ва ҳаҷвгорони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Аз ҷумлаи сарояндагони шинохта Афзалшоҳи Шодӣ, Саидқул Билолов, Нозияи Кароматулло ва Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Саидаи Сироҷиддин, Саъдии Буризод, Қурбоналии Абдуллоев, Муҳаррама Шарипова ва ҳаҷвнигорон, Холмуроди Сиддиқ, Ҷамшеди Ҳалим ва дигарон бо барномаҳои ҷолиби хеш табъи ҳозиринро шод гардонданд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндагони ҶҲАТ, Федератсияи байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли АҲмар дар Тоҷикистон, Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх, Салиби Сурхи Олмон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд, ки баромадҳои онҳо ба мардум оид ба ин ташкилотҳои бонуфуз ва барномаҳои амалишавандаи онхо дар ҷумҳурии мо ба иштирокдорони ин чорабини як маълумоте тоза буд. Баъди консерт дар мусоҳибаи  ҳамоҳангсози барномаи тарѓиби арзишҳои башардўстона ва иттилооти ҶҲАТ бо баъзе аз шунавандагони ин консерт онҳо изҳори қаноатмандӣ аз ин барномаи консерт карданд.

Рўзи 12 Майи с. 2012 дар толори «Кохи Ҷомӣ» аз ҷониби Ҷамъити Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии шарикони ҳамкори он маҳфили зарифон барпо гардид. Дар ин маҳфил гурўҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи Давлатии шаҳри Москваи Федератсия Русия дар ш.Душанбе ва гурўҳи ихтиёриёни ҶҲАТ фаъолона ширкат варзиданд.

Инчунин дар ин давра аз ҷониби ҶҲАТ якқатор иқдомҳои хайрия, кўмак ба хонаи кўдакон, доир намудани тамриноти амалӣ, чорабиниҳои мухталифи иттилоотӣ миёни мардум ва ғайра барпо гаштанд.

Якҷоя бо Бозрасии давлатии автомобилӣ ҶҲАТ маъракаи иттилоотии «Бехатарии ҳаракат дар роҳҳо»-ро бо автомошинаи давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Варзоб баргузор намуд. Иштирокчиён дар ин маърака фаъолона ширкат варзида, оиди бехатарии ҳаракат дар роҳҳо маълумоти муфассал гирифтанд.

Рўзи 19 май мизи мудаввари телевизионӣ дар Телевизони давлатии Сафина баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Ѓиёсуддин Қутбиддинович Мироҷов, Сарвари намояндагии Федератсияи Баналхалқии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Мишел Селлер иштирок намуданд. Намояндагони ин ташкилотҳо дар бораи таърихи таъсисёбии ин ташкилотҳо, мақсаду мароми онҳо ва фаъолияти барномаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба тамошобинон маълумоти муфасал дода, ба саволҳои баррандаи барнома посухҳои муфассал дода, мардумро даъват ба корҳои башардўстонаю хайрхоҳона намуданд.

ҶҲАТ бо дастгирии намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон  гузаронидани озмуни мақолаи беҳтарин дар бораи фаъолияти башардўстӣ миёни рўзноманигорон ва дигар шахсон доир намуд. Давомнокии ин озмун як солро дар бар гирифта, зиёда аз 30 мақолаҳо барои баррасӣ ба озмун пешниҳод гардиданд. Даври аввали ин интихоби беҳтарин мақолаҳои озмун ба охир расид ва даври ниҳоии он ҳафтаи дигар барпо мегардад ва ба ѓолибон рўзи 31.05.2012 тўҳфаҳо супорида мешаванд.

Инчунин дар доираи моҳвораи ҶҲАТ озмуни беҳтарин ташкилотҳои ибтидоии фаъолияташ намунавӣ ҳам дар сатҳи барномаи Рушди Ташкилотҳои ибтидоӣ, ки бо дастгирии Салиби Сурхи Финланд ва ҳам дар сатҳи Кумитаи Марзакии ҶҲАТ баргузор мегардад. Бо ин мақсад, рўзи панҷшанбе, 24.05.2012 дар толори ҶҲАТ баромади 3 нафар намояндаагони ташкилотҳои ибтидоӣ аз шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Данѓара ва Нуробод баргузор гардид. Аз байни ин баромадҳо баромади намояндаи Ваҳдат ва Данѓара хубтар буданд. Алалхусус намояндаи Ташкилоти ибтидоӣ дар деҳаи Оқсуи ноҳияи Данѓара бобои Эшқувват хотирмон буд. Чунки ў яқҷоя бо намондагони Ташкилоти  ибтидоиаш ва аҳли деҳаи Оқсу дар муддати кўтоҳ тавонистаанд бо дастгирии ҶҲАТ ва маблаѓгузориҳои худӣ 60 хоҷагӣ, мактаб ва масҷиди деҳаро бо оби нўшокӣ таъмин намоянд. Нақшаи лоиҳаи тартибдодаи онҳо бисёр каммасраф буда, барои обёрӣ 8170 метр рўдаҳои пластикӣ сарф гардида, аз якчанд нуқтаҳои истифодабарии об иборат аст. Дар оянда нақшаи тоза кардани заҳбури гирди деҳоташонро доранд, ки саривақт тоза накардани он боиси зиёд гаштани мавзеъҳои магасҳо гардида, онҳо барангезандагони якқатор касалиҳои сироятӣ дар байни аҳоли мегарданд. Ин иқдоми пешгирифтаи онҳо барои беҳбудии аҳолии деҳот ва пешрафти ҷомеъа мебошад, ки боиси дастгирист (аксҳо замима мегарданд).

Фардо, 25-уми май дар идораи Кумитаи марказии Ҳилоли Аҳмари Тоҷмкистон баррасии озмуни пешниҳоди расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқуллода баргузор гардид, ки маросими тўҳфасупории он дар арафаи ҷамъбасти моҳвора баргузор мегардад.

Омода намуд: Нодир Аминзода, Ҳамоҳангсози Барномаи Таҳкими Арзишҳои Башардўстӣ ва иттилоот

Categories: Uncategorized
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.