Archive

Posts Tagged ‘health issues’

Таваҷҷӯҳи СММ ба мавзӯъи ҳуқуқ ба саломатӣ дар Тоҷикистон

Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон рӯзи 30-уми май мизбони дидоре бо Ананд Гровер, гузоришгари вижаи Созмони милал оид ба ҳуқуқ ва дастрасӣ ба саломатӣ буд. Дар ин нишаст, ҳамчунин, намояндагони ҶҲАТ, КБСС, СС-и Финланд, лоиҳаи “Ҳоуп” ва ЮСАИД иштирок доштанд.

Сафари ҷаноби Гровер ба Душанбе рӯзи 24-уми май оғоз ёфт ва дар ҷараёни ин сафар ӯ бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла, мақомоти тиббӣ, ва созмонҳои байнулмилалӣ мулоқот кард. Бино бар баёнияи матбуотии Созмони милал, ин нахустин сафари коршиноси мустақили масъулиятёфта аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба Тоҷикистон ҷиҳати баҳогузорӣ ба иҷроиши ҳуқуқи ҳар як нафар ба саломтаии ҷисмонӣ ва равонӣ мтуобиқ бар меъёрҳои лозима мебошад. Ҷаноби Гровер бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ба дастрасии мардум ба ҳуқуқ ба саломатӣ баҳо хоҳад гузошт. Ба гуфтаи меҳмон, ҳадаф аз сафари ӯ “ҷалби Ҳукумат, ҳамкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли мушкилоти ҷиддии молиявии низоми тандурустии Тоҷикистон мебошад. Ин низом асосан ба пардохтҳои ғайрирасмӣ такя менамояд ва мувофиқи ҳисобҳои тахминӣ ин пардохтҳо аз се ду қисми хароҷоти умумии соҳаи тандурустии кишварро ташкил медиҳад”.

Ҷаноби Гровер ҳангоми шинос кардани ҳозирин бо ҳадафҳои сафари худ таваҷҷӯҳро ба афроде ҷалб намуд, ки ба табъиз ва стигма дар ҷомеа дучор мешаванд. Чун ҷаноби Гровер аз чорабиниҳои ҷашнии Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар огоҳ карда шуд, ӯ даъват кард, то аз ин минбар барои сӯҳбат кардан дар мавзӯъи дастрасии мардум ба ҳуқуқ ба саломатӣ истифода бурда шавад.

Дар мулоқот меҳмон бо лоиҳаҳои ҶҲАТ дар соҳаи беҳдоштӣ, ки бо мусоидати ФБҶ СС ва ҲА амалӣ мешаванд, шинос шуд. Зафар Муҳаббатов, дабири кулли ҶҲАТ, аз чолишҳои Ҷамъият ҷиҳати ҷалби маблағгузорон ба лоиҳаои тандурустӣ ёдовар гардид. “Ҳол он ки мо тавоноии хуби иҷроиши корҳо ва пуштибонии ҳукуматиро дорем”, гуфт ҷаноби Муҳаббатов.

Эрик Мишел-Селйе, раҳбари Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, бо ёдоварӣ аз таҷрибаи фаъолияташ дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳояш бо мақомот ва ҷомеаи ин кишвар, бар омодагии нодири ин кишвар барои тағйирот таъкид кард. Ӯ мисол овард, ки “чанд сол қабл дар ин ҷо наметаовнистӣ оид ба ёриҳои равонӣ ба мардуми осебдида ҳарф бизанӣ, чун мардум ин гуна ниёзмандии худро рад мекарданд ва мақомот ҳам ин гуна ниёзмандии равонии аҳолиро рад мекарданд. Вале чанд ҳафта қабл вақте мо аз як минтақаи аз зилзила осебдида дар шарқи Тоҷикитсон дидан мекардем, раисҷумҳури кишвар ба наздамон омад ва дархост намуд, то таваҷҷӯҳи вижа ба ироаи ёриҳои равониҷтимоӣ ба осебдидагон дода шавад. Агар дар бораи тағйири нигоҳҳо ҳарф бизанем, пас Тоҷикистон дақиқ мисол буда метавонад”.

Ҳангоми мулоқот дар дафтари ФБҶ СС ва ҲА, ҳамчунин, чолишҳои марбут ба василаҳои ҳалли мушкилот, табобати беморон бо гиромӣ доштани онҳо ва ҳавасманд намудан ба риояи ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд.

Гузоришгари махсус коршиноси озодест, ки аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ҷиҳати кӯмак ба давлатҳо ва дигар тарафҳои марбут, пеш бурдан ва ҳифзи ҳуқуқ ба меъёрҳои баландтарини тандурустӣ (ҳуқуқ ба саломатӣ) таъин шудааст. Ананд Гровер (шаҳрванди Ҳиндустон) ҳам-муассис ва мудири Шӯъбаи коллективи ҳуқуқшиносон дар соҳаи ВИЧ/СПИД ва мушовири аршад дар Ҳиндустон мебошад.

UN expert to focus on the right to health in Tajikistan

IFRC Country Representation in Tajikistan hosted a meeting with Mr. Anand Grover, Special Rapporteur on the Right of Everyone to the Enjoyment of the Highest Attainable Standard of Physical and Mental Health, on 30 May 2012. In addition to IFRC Country Representation staff, the representatives of other organizations, such as the Red Crescent Society of Tajikistan, ICRC, Finnish Red Cross, Project “Hope”, and USAID participated at the meeting.

Mr. Grover’s mission to Dushanbe started from May 24 and during his visit he met with Tajik officials, health authorities, as well as international organizations, including the Red Crescent Society of Tajikistan and IFRC Country Representation in Tajikistan. According to a press release of the United Nations office, it is the first mission of an independent expert charged by the UN Human Rights Council to Tajikistan to monitor the implementation of the right of everyone to the enjoyment of the highest attainable standard of physical and mental health. Mr. Anand Grover visited Tajikistan at the invitation of the Government to make an independent assessment of the realization of the right to health in the country. According to the high-level guest, within his visit he aimed “to engage the Government, development partners and the civil society in tackling the financial predicament of Tajikistan’s health system that relies heavily on private out-of-pocket payments, estimated to be more than two-thirds of total healthcare expenditure”.

Mr. Grover introducing the purpose of his visit drew a special attention to the affected people, who often face social stigma and discrimination. Being informed about the Red Crescent May celebrations in Tajikistan, Mr. Grover called to use this opportunity and to talk about the challenges of people’s access to the health.

In the meeting Mr. Grover was introduced with health-related projects implemented by the Red Crescent Society of Tajikistan with IFRC support.  Mr. Zafar Muhabbatov, RCST Secretary General mentioned the difficulties RCST faces to attract the donors “despite of good capacity and governmental support we have”.

Mr. Eric Michel-Sellier, IFRC Country Representative in Tajikistan, talking about his experience of cooperation with the officials and the society in Tajikistan, stressed the exceptional readiness for changes he witnessed here. He brought an example that “several years ago you could not talk about the psychological support here, as people could refuse their need, as well as the officials could refuse the need of population for it, but few weeks ago during a field visit to an earthquake-affected area in the eastern part of the country the president of the country came to us and requested us to pay special attention to the provision of psychosocial support to the affected people. If to speak about changing minds, than Tajikistan is the right place to be an example”.

During the meeting in the IFRC office, the participants discussed the challenges to identify ways to curb the disease effectively, treat patients respectfully and encourage human rights extensively.

The Special Rapporteur is an independent expert appointed by the UN Human Rights Council to help States, and others, promote and protect the right to the highest attainable standard of health (right to health). Anand Grover (India) is co-founder and Director of the Lawyers Collective HIV/AIDS Unit and the Senior Counsel in India.

В Согде медики отработали действия при землетрясениях

May 4, 2012 Comments off

Душанбе, 4 мая. Pressa.tj — В Канибадаме Согдийской области  прошли плановые учения по гражданской обороне  «Действия руководящего состава при землетрясении».

Как сообщили Pressa.tj  в пресс-службе Министерства здравоохранения Таджикистана, руководил учениями первый заместитель председателя Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне (КЧС и ГО)  Таджикистана генерал-майор Абдусаттор  Хушвахтов.

«Впервые во время учения был развернут мобильный госпиталь, который быт переброшен в условное место землетрясения. В учениях медицинские службы, работники показали высокий уровень подготовленности», — отметил источник, добавив, что шесть мобильных госпиталей были переданы Таджикистану в рамках Соглашения между Минздравом РТ и Швейцарским  Офисом по Сотрудничеству в Таджикистане и Национальным Обществом Красного Полумесяца в РТ.

Маълумот оид ба фаъолияти оинномавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012

March 2, 2012 Comments off

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар соли гузашта корҳои назаррасеро ба сомон расонид.

Қисми панҷум: Шӯъбаи тиббӣ-иҷтимоӣ  

 

Қисми аввал ин ҷост

 

Қисми дуввум ин ҷост

 

Қисми саввум ин ҷост 

 

Қисми чаҳорум ин ҷост   

 

Соли ҷорӣ шўъбаи тиббӣ-иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи КМ ҶҲАТ дар сатҳи барномаҳо корҳои зеринро иҷро намудааст:

Дар сатҳи барномаи «Пешгирии ВНМО/АНММ (ВИЧ\СПИД)» буҷаи барномаи «Пешгирии ВНМО/АНММ (ВИЧ\СПИД)» барои се моҳи авали соли 2011 ба имзо расида ва дастгирӣ шудааст, аз моҳи апрели соли равон бо сабаби қатъ гаштанӣ маблағгузорӣ аз тарафи ФБСС барнома дар сатҳи ҳади аққал фаъолият менамояд. Дар сатҳи барнома ихтиёриён ва кормандони барнома 145 вохўриҳо, сўҳбатҳо ва лексияҳо гузаронидаанд. Дар сатҳи барномаи Паст намудани зарар аз нашъамандӣ дар 6 нуқтаи боварӣ 571 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ бо Хазинаи Глобалӣ, нуқтаҳои боварии барнома бо маводи сўзандору, маводи беҳдоштӣ, об барои сўзандору ва ғайра таҷҳизонида шуданд. Ба муносибати рўзҳои байналмилалии мубориза алайҳи бемории сил ва ВНМО/АНМБ чорабиниҳо гузаронида шудаанд.

Буҷаи барномаи «Мубориза алайхи бемории сил дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Ҳисор» то моҳи апрели соли ҷорӣ дастгирӣ ёфтааст. Дар сатҳи барнома 12 маротиба маҷлиси ҳамоҳангсозӣ гузаронида, ихтиёриён 27 дарс бо 213 нафар гузаронидаанд. Ба муносибати рўзи байналмиллалии мубориза алайҳи бемории сил чорабиниҳои гуногун гузаронида шудаанд. Аз моҳи марти соли 2011 лоиҳаи «Мубориза алайхи бемории сил дар ноҳияи Бохтар» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон оғоз гардид. Кормандони лоиҳа омўзонида шуданд ва 120 ихтиёриро ба барнома ҷалб намуданд. Дар давоми фаъолияти солонаи кории ихтиёриён 2716 дарс бо 8533 нафар аҳолии деҳот гузарониданд, 147 гумонбаршудагон ба ташхис равона карда шудаанд ва аз онҳо 14 нафар бемории сил даръёфт шуд, ки ин 9,5% аз стандарти дурнамои ДОТС (5 – 10% рақамҳои стандартӣ) ташкил медиҳад. Бағайр аз он ихтиёриен 5 нафарро бо нишонаҳои сил муайян карданд. Моҳи сентябри соли 2011 барои 257 бемории сил аз ҳисоби буҷаи барнома маводи ғизоӣ (шакар (257 кг), равған (257 л), орд (2.570 кг), макарон (257 кг) тақсим карда шудааст.

Дар сатҳи барномаи «Омўзиши аҳоли бо қоидаҳои ёрии аввал ва солимии чомеъа» конфронси солонаро гузаронида, як семинари омўзиши барои кормандони барнома ва 8 семинари омўзиши дар сатҳи ноҳияҳо гузаронида шудааст. 16 чорабини бахшида ба рўзи умумиҷаҳонии «Мубориза алайҳи бемории сил», «Солимии ҷомеа», «Ёрии аввал» ва ВНМО/АНМБ гузаронида шудааст, ки 8000 нафар аҳолиро дарбар гирифтааст. 53 вохўрӣ бо намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ оиди гузаронидани омўзишҳои маблағӣ гузаронида шудааст. Дар бобати гузаронидани омўзишҳои маблағӣ барои ташкилотҳои хориҷӣ барнома ба хазинаи худ 33.662 сомони ворид кард.

Барномаи «Беҳдоштиии об» аз тарафи Салиби Сурхи Испания, ФБССваҲА ва Ҳукумати Ҷопон дастгирӣ мешавад. Дар давоми соли ҷорӣ дар сатҳи барнома :26 тренинги PHAST барои 260 ихтиёриён, 13 кумитаи об ва 10 ташкилоти ибтидоӣ ташкил карда шудааст. Аз 30 лоиҳа пешниҳодшуда 19 лоиҳа дастгирӣ ёфтаанд, ки 45.916 нафар аҳоли бо об таъмин намуданд. Барномаи Ҳамкории шабакавии байналмилалӣ аз тарафи кормандони лоиҳа дар сайт 215 савол ворид шуд ва ба 200 савол ҷавоб гардонида шудааст. Дар айни замон фаъолияти барнома ба анҷом расидааст.

Барномаи «Мубориза алайҳи бемории сил дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Мурғоб-и ВМКБ» аз моҳи июли соли 2011 бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ амалӣ мешавад. Дар сатҳи барнома 60 ихтиёриёни лоиҳа интихоб шудаанд ва мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ бо Маркази вилоятии «Мубориза бо бемории сил» 60 бемори сил зери назорати ихтиёриёни лоиҳа мебошанд. Дар давоми 6 моҳ ихтиёриён 1529 оила, 5435 аҳолии деҳот ва 1881 мактаббачагонро оиди пешгирии бемории сил омўзониданд. Ихтиёриён 361 нафарро бо аломатҳои бемории сил ба ташхис равона кардаанд ва аз онҳо 10 нафар бақайд гирифта шудаанд. Мувофиқи пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар моҳи апрел ва майи соли 2011 2 лоиҳаи кутоҳмуддат оиди сафарбаркунии иҷтимоӣ дар рўзҳои миллии эмкунӣ бар зидди фалаҷ тасдиқ шуда буд, ки дар он 140 ихтиёриёни ҶҲАТ иштирок карданд ва 10.000 гуруҳи мақсаднокро ба эмкунӣ равона карданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар сатҳи бахши шаҳрии ҶҲАТ дар ш. Душанбе лоиҳаи «Хадамоти аёдат» аз моҳи апрел оғоз шуд. Дар сатҳи ин барнома 12 ҳамшираи шафқат ба 120 пиронсоли яккаву танҳо хизмати тиббӣ-иҷтимоӣ мерасонанд. Мутобиқи бучаи лоиҳа барои 120 пиронсоли яккаву танҳо маводи ғизоӣ (шакар 1100 кг, биринҷ 1100 кг, лўбиё 1100 кг, макарон 1760 кг, орд 1100 кг, равған 440 л) ва дастаҳои беҳдоштӣ тақсим карда шудааст.

Categories: health issues Tags:
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.