Archive

Posts Tagged ‘IDRL’

Disaster Law Promoters conducted their first meeting

April 22, 2012 Comments off

The first meeting of the “Coordination Group on Disaster Law Promotion in Tajikistan” was held on April 10, 2012 in Dushanbe to introduce new members of the group from related governmental agencies to the IFRC recommendations on Disaster Laws, the importance of this issue, as well as to discuss the Coordination Group’s further actions and steps.

The “Coordination Group” is established with the key aim to promote the necessity of improving Tajikistan legislation in order to conform them with IFRC recommendation, new decrees and new amendments in the laws related to the acceptance and dissemination of humanitarian assistance and further promotion of the Disaster Law implementation in Tajikistan.

The representatives of the following agencies are the members of the group: CoES, State Reserves Agency, Ministry of Transport, Customs Service, Ministry of Justice, Border Forces, Ministry of Health, Interior Ministry, Ministry of Economic Development, Ministry of Foreign Affairs, RCST and IFRC Country Representation.

The role of the established “Coordination Group”, its terms of references, name, as well as working plan and next steps were discussed in the meeting as well. The participants actively discussed existing laws and rules of international humanitarian assistance in Tajikistan, gaps and necessary steps towards legal base improvement.

Mr. Shamsuddin Muhuddinov, IFRC DM Programmes Manager in Tajikistan noted the importance of conformity of laws to the international standards in nation-wide emergency situations. Mr. Muhuddinov encouraged the participants to review the national legislation in their sphere of activity and expressed the readiness that in its turn, RC Movement is ready to support and to share the experience in developing and promoting the humanitarian laws.

In general, the participants agreed that there are some duplication in the functions of the governmental agencies and some obscurity in the matter of acceptance, dissemination and control of international humanitarian aid, foreign rescuers, the technology they bring, the medicines they bring, etc.

Mr. Abdulfattoh Shafiev, Disaster Law Promoter at IFRC Country Representation in Tajikistan reviewed the facts and stats of disasters at 2011, introduced the participants with IFRC Disaster Law researches and recommendations (the guideline and the model act), as well as informed them on the latest success stories from other countries.

The participants were introduced as well to the background of Disaster Law Promotion in Tajikistan by Mr. Shuhrat Sangov, RCST Head of DM Department.

Lt-Colonel Boborajab Saidov, head of legal division at the Interior Ministry, suggested to officially asking the Government for establishing an official Working Group to learn the Model Act and local legislation for the possible design of new law. Mr. Rustam Abdusalomov, deputy head of legal department at Customs Service, asked to give a lecture on the importance of the issue to his colleagues at the Customs Service. Mr. Iskandar Sulaymonov from the Border Forces suggested to think on the preparation of a unite database of needs during a disaster. He said the database could be online in order to avoid the duplication in provision of aid by the international donors.

The participants agreed to review the preliminary results of Tajikistan legislation conformity to IDRL conducted by UN DRMP, especially the points related to their direct job and to share the results of the review with other members of group for the further possible actions.

Categories: Disaster Law, IDRL Tags: ,

IDRL: Ба ҳар ҳодиса қаблан бояд омода буд

January 5, 2012 Comments off

Тасаввур кунед: Зилзилае рух медиҳад, ё обхезие сар мезанад. Обхезии мудҳиш. Зилзилаи даҳшатнок. Ҳазорҳо манзилро хароб мекунад, даҳҳо ҳазор нафарро бесарпаноҳ мегузорад. Ин даҳҳо ҳазор нафар маҷрӯҳу гурусна ва лолу зору ҳайрон дар зери боми вайрон интизори ёриянд.

Ва дар ҳамин шабу рӯзи нахустини офат, замоне, ки ҳама ниҳодҳои ҳукуматӣ дар маҳалли ҳодисаанд, ҳавопаймоҳои хориҷӣ пур аз дорувориву ғизоворӣ ва наҷотдиҳандагону лавозимот ба фурудгоҳ мешинанд. Ва…

Ва он ҷо даҳҳо савол пайдо мешавад: Оё онҳо чӣ гуна ва дар кадом макон раводид хоҳанд гирифт, оё раводиди онҳо ройгон хоҳад буд ва ё на, оё ёриҳои башардӯстонае, ки ба кишвар ворид хоҳанд шуд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод хоҳанд буд ва ё на, агар миёни ин ёриҳо маводи махсуси тиббӣ бошад, оё иҷозаи Вазорати тандурустӣ лозим аст ё на ва дар чӣ муддате метавон чунин иҷозаро гирифт, агар миёни ин ёриҳои башардӯстона асбоби алоқа бошад, оё иҷозаи Вазорати мухобирот лозим аст ё на ва дар чӣ муддате метавон чунин иҷозаро дарёфт кард ва ғайра ва ҳоказо ва дигар…

Даҳҳо суол ва як посух

Даҳҳо суол. Даҳҳо суоле, ки Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар даҳ сол боз ба онҳо посух меҷӯяд.

Нахустин қадам дар ин роҳ ҳанӯз соли 2001 гузошта шуда буд ва ҳамон замон ФБҶ СС ва ҲА ба омӯзиши қонунгузориҳои кишварҳои гуногун дар заминаи қабул ва тақсими ёриҳову ёрирасонҳо ва оғоз кард. Он ҳама омӯзишҳо ва таҷрибаҳо ҳангоми офатҳои табиӣ дар кишварҳои гуногун муайян кард, ки дар ин самт корҳои бештареро метавон иҷро намуд. Дар таърихи фаъолиятҳои Федератсияи байнулмилалӣ ҳолатҳое ҳам рух дода буданд, ки ҳавопаймоҳои ҳомили ёриҳори башардӯстона дар фурудгоҳи маҳалли ҳодиса мунтазири имзои мақомоти маҳаллӣ меистоданд ва дар ҳамон соатҳо садҳо нафар мардуми офатзаба ба ҳамон дорувориву ғизо ниёз доштанд.

То ки ёриҳо сареъан ба мардуми офатзада бирасанд ва когазбозиҳо ҳарчӣ камтар бишавад, дар соли 2007 Федератсияи байнулмилалӣ дар Ҳамоиши 30-уми байнулмилалии худ “Роҳнамои танзими ёриҳои байнулмилалӣ дар қонунгузориҳои маҳалли”-ро таҳия ва ба кишварҳо пешниҳод намуд. “Роҳнамо” танҳо маҷмӯъи тавсияҳост, ки кишварҳо чӣ гуна метавонанд қонунгузориҳои худро ҳар чӣ бештар ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқтар намоянд, то, агар Худо накарда, ҳодисае рух дод, он кишвар тавонад тамоми ёриҳои воридшударо ба таври муассир танзим намояд.

Кори имрӯзро ба фардо нагзор

Ин корро наметавон ба фардо ё пасфардо гузошт, чун, мутаассифона, офати табиӣ ҳеҷ гоҳ аз инсон намепурсад, ки кай бояд рух бидиҳад. Омор ҳам вақтҳои ахир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумори офатҳои табиӣ дар саросари дунё дар ҳоли афзоиш аст. Агар дар соли 1989 дар ҷаҳон 149 офат рух дода бошад, дар соли 2009 ин рақам 312 адад будааст. Кофист, ки бо шунидани ин ибораҳо ба тани одам мурғак бидавад: Зилзилаҳо дар Ҳаитӣ, Чилӣ, Туркия, Зеландияи нав, Ҷопон. Обхезиҳо дар Покистон, Шри-Ланка, Австралия, Боливия. Қаҳтӣ дар Сомалӣ.

Ҳеҷ кишваре аз офат дар амон нест ва агар ҳаҷми офат бузург бошад, ҳатто кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон ҳам ба ёрии беруна ниёз пайдо мекунанд. Ҳатмӣ нест, ки мисоли ин гуфтаҳоро аз Гугл биҷӯем, ҳамин Ҷопони дирӯзро кофист, ки ба ёд биоварем. Ва хеле муҳим аст, ки бояд ҳукуматҳои кишварҳои гуногун дарк бикунанд ва таҳлил бикунанд, ки то чӣ андоза қонунгузории онҳо дар ҳолати рух додани офат ба зарардидаҳо монеъа пеш намеорад, балки мусоидат мекунад.

Бекеле Гелета, дабири кулли ФБҶ СС ва ҲА, низ дар Ҳамоиши байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки имрӯзҳо дар Женева ҷараён дорад, гуфт: “Ҳукуматҳои зиёде омодагӣ ба офатҳоро беҳтар кардаанд, вале тайёрии қонунгузориҳояшон на дар ҳама ҳолат ҳамқадами омодагиҳои фаннияшон мебошад. Заъф дар қонунгузориҳо халое барои эҷоди мушкилот ҳини расонидани ёрӣ хоҳад гузошт.”

То имрӯз кишварҳое монанди Индонезия ва Перу қонунҳои наву вижае мутобиқ ба “Роҳнамо” қабул кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, бист кишвари дигар низ фаъолона қонунҳои худро бо мусоидати фаннии ФБҶ СС ва ҲА ва ҷамъиятҳои миллияшон дубора мурур доранд, то ба “Роҳнамо” мувофиқаш гардонанд. Созмонҳои минтақавие, ба мисли АСЕАН, СОПАК, НАТО, Иттиҳоди Аврупо барои таҳияи дастурамалҳои худ ва беҳсозии омодагии қонунии худ ба офатҳо аз ҳамин “Роҳнамо” истифода мебаранд. Зарурати он дар чандин қатъномаҳои Созмони милал ҳам қайд шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳамин ахиран дар чаҳорчӯби як барномаи Созмони Милал қонунгузориҳои кишвар ҷиҳати мувофиқаташон ба “Роҳнамо” омӯхта шуд. Аз рӯи натиҷаҳои нахустин маълум гардид, ки сарфи назар аз созишномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ба бархе аз кишварҳои дуру наздик ва сарфи назар аз баъзе созишномаҳои минтақавӣ, дар кишвари мо низ дар ин самт корҳои зиёдеро метавон анҷом дод.

Ва аммо “Роҳнамо” чӣ мегӯяд?

Ва аммо “Роҳнамо” чӣ мегӯяд? Посухи ин суол дар дасти мост, ва мо ҳатман онро бо Шумо, хонандагони гиромӣ, қисмат хоҳем кард.

Categories: IDRL Tags:

Баррасии натиҷаҳои таҳлили қонунгузории миллии Тоҷикистон оид ба қабули ёриҳои байнулмилалӣ (IDRL)

December 29, 2011 Comments off

Натиҷаҳои таҳлили қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули ёриҳои байнулмилалии башардӯстона ва наҷотбахшон дар ҳолати рух додани ҳодисаи фавқулода ва мувофиқатиҳояшон ба қонуни байнулмилалии вокуниш ба офати табиӣ (IDRL) дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Мизи мудаввар бо ибтикори Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА), муштаракан бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор гардид.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ҶҲАТ ва ФБҶ СС ва ҲА гирди як миз нишастанд ва қонунгузориҳои феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба қабули ёриҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, қоидаҳои байнулмилалии қабули ин ёриҳо, норасоиҳои эҳтимолӣ ва қадамҳои баъдӣ дар ин самтро баррасӣ карданд.

Also see:

Press-releases in EnglishRussian and Tajiki

Slide-show from the round table

Video in Tajiki,  English and Russian

 

Categories: IDRL Tags:

Round Table on IDRL – “Jahonnamo” TV Report in English

December 27, 2011 Comments off

The results of analyzes on Tajikistan Law Conformity to the International Disaster Response Laws, Rules and Principles (IDRL) were discussed on a round table in Dushanbe city.

The round table was organized by the Country Representation of IFRC in Tajikistan in close collaboration with the Red Crescent Society of Tajikistan. The event brought together the representatives of Tajikistan governmental agencies, Tajikistan Red Crescent and IFRC to discuss existing laws and rules of international humanitarian assistance in Tajikistan, gaps and necessary steps towards legal base improvement.

Also see:

Press-releases in English, Russian and Tajiki

Slide-show from the round table

Video in English and Russian

Categories: IDRL Tags:
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.