Archive
Итминон ба ояндаи беҳтар ва рӯшантар хеле муҳим аст
Эрик Мишел-Селйе, ФБҶ СС ва ҲА, Тоҷикистон
Дидорҳо бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла, бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо намояндагони баландпояи Созмони милал, бо сафирҳо, мусоҳибаҳо бо расонаҳои миллӣ ва байнулмилалӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар, иқдомҳои хайрия ва боздид аз маҳалҳои офатзада ва мардуми осебдида – моҳи май барои ман чунин буд. Вақте дар Тоҷикистон кор мекунӣ, тақвимат ҳамеша пур аз ёддошти вохӯриҳову чорабиниҳост. Сабабаш ҳам на танҳо он аст, ки бояд бисёр кор бикунӣ, ҳамчунин, он аст, ки имконҳои хубе барои ҳамкориҳо дорӣ.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша омодаанд, ба ҳарфат гӯш бидиҳанд, назарҳояшонро бигӯянд, ва пешниҳодҳои ҳамкориро қабул бикунанд. Дар айни ҳол, онҳо мехоҳанд, бояд ҷиддан аз рӯи ҳадафҳои Ҳаракат фаъолият бибарӣ – ҳадафи ёрӣ расонидан ба онҳое, ки ба ин ёрӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, ман дар тааҷҷуб набудам, вақте раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мо, намояндагони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар маҳаллаи аз зилзила осебдидаи Тавилдара диду, рост ба наздамон омада, пурсид, ки мо чӣ ёрие додаем ва чӣ нақшаҳое барои мардуми осебдида кашидаем? Пас аз посухи мо, ҷаноби раисҷумҳур махсусан аз шунидани хабари ёриҳои равонии мо ба осебдидагон шод шуд. Ӯ ба ҶҲАТ ва ФБҶ СС ва ҲА барои вокуниши зуд ба офат ва фаъолият дар самте, ки маъмулан дар Тоҷикистон берун аз ёдҳо мемонад – ироаи ёриҳои равонӣ ба осебдидагон – сипос гуфт.
Мардуме, ки наздикони худро аз даст додаанд, дороиҳои худро аз даст ддаанд, ҳама чизро аз даст додаанд ва рӯи харобаҳои манзилашон бидуни ғизо ва василаҳои беҳдоштӣ мешинанд – ин гуна одамонро зиёд дидаам, ки худро гум кардаанд ва дар умқи чашмонашон яъсу ноумедӣ барои оянда аст. Ин гуна одамон бар иловаи ғизо, паноҳгоҳ, василаҳои беҳдоштӣ ва маводи дигар, боз ба суханҳое ниёз доранд, ки умед ба зиндагиро дар дилашон эҳё бикунад, ба суханҳое, ки муҳаббат ба зиндагиро дар дилашон бедор кунад. Хушбахтона, мо тавонистем, ки даҳҳо корманду ихтиёрии Ҳилоли Аҳмарро омода бикунем, то тавонанд сухани лозимаро дар мавқеъи лозима бигӯянд – тавассути ёриҳои равонии Ҳилоли Аҳмар дар даҳҳо дил муҳаббат ба зиндагӣ баргаштааст.
Хеле зиёд, чунки кишвар зуд-зуд дучори офатҳои табиӣ мешавад. Ва дар ин самт ниёз аст, ки бояд ин гуна гурӯҳҳо бештар бигарданд ва донишу маҳораташон ҳам боотар биравад. Чунки кишвар бино бар мавқеъи ҷуғрофии худ ба офатҳо осебпазир аст ва мутаассифона, мо шоҳиди офатҳои дигар ҳам хоҳем буд.
Коҳиши хатари офатҳо ва омодагӣ ба офатҳо ҷиҳати кам кардани қурбониёну хисороти молӣ аз муҳимтарин мавзӯъи сӯҳбатҳои ман бо намояндагони баландпояи Созмони милал – Ананд Гровер, фиристодаи махсуси СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва дастрасии мардум ба саломатӣ дар рӯзи 30-уми май, ва Александр Зуев, раҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар таърихи 18-уми май буд. Ҷаноби Гровер ба фаъолиятҳои мо, махсусан, дар самти ҷилавгирӣ аз сил ва ВИЧ таваҷҷӯҳ зоҳир кард ва мо ҳамзамон, мавзӯъи ҳамкориҳои эҳтимолиро баррасӣ кардем. Дар дидор бо ҷаноби Зуев, ӯ ба пешниҳодоти мо оид ба барномаҳои муштараки фаромарзии Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус дошт.
Мавзӯъи ҳамкориҳои фаромарзӣ, ҳамчунин, дар дидорҳо бо Робин Орд-Смит, сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон дар рӯзи 18-уми май, ва доктор Абдулғафур, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар вохӯрии рӯзи 24-уми май баррасӣ шуд. Сафири бритониёӣ гуфт, омода аст, ки тарҳҳои хурд дар ин самтро дастгирӣ бикунад. Ҳамчунин, ӯ гуфт, мехоҳад, аз барномаҳои мо дар минтақаҳо боздид бикунад ва боз ҳам мавзӯъи маблағгузорӣ аз самти ДФИД-ро низ баррасӣ кард. Сафири Афғонистон хеле хушҳол буд, ки миёни Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҳилоли Аҳмари Афғонистон бо мусоидати Федератсияи байнулмилалӣ як созишномаи ҳамкорӣ дар моҳи июн ба имзо хоҳад расид. Доктор Абдулғафур гуфт, ҳамеша омодаи пуштибонӣ аз Ҳилоли Аҳмар аст.
Хеле ҷолиб аст, ки дарҳои нави имконият барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон боз мегарданд. Ҷамъияти миллӣ ба як марҳилаи наву сатҳи болотар ворид шуда истодааст ва ба зудӣ дар саҳнаи минтақавии ёриҳои башардӯстона нақши муҳимро хоҳад бозид. Як гувоҳи дигари ин гуфтаҳо таваҷҷӯҳи афзояндаи расонаҳои хабарӣ ба Ҷамъият мебошад. Расонаҳои байнулмилалии ББС Форсӣ, Радиои Озодӣ, СА-Нюз, хабаргузориҳои Азия Плюс, Авасто, ТоҷНюз, Озодагон, Ховар, Пресса, шабакаҳои телевизионии Шабакаи аввал, Сафина, Ҷаҳоннамо, радиоҳои хусусӣ ва давлатӣ ва даҳҳо ҳафтаномаву торнамоҳо зуд-зуд бюа фаъолиятҳои мо таваҷҷӯҳ пайдо мекунанд. Ин расонаҳо ба мо имкон медиҳанд, то арзишҳои башардӯстиро тарғиб намоем, имкон медиҳанд, то бигӯем, ки Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар садҳо ихтиёрии наву фаъолро ҷалб хоҳад кард. Ҳамон умеде, ки ман дар маросими ифтитоҳи Моҳвора гуфта будам, ҳамон ҷое, ки бо бону Руқия Қурбонова, муовини нахусти сарвазири кишвар вохӯрда будам.
Чун, вақте шумо мебинед, ки ҳатто муҳоҷирони тоҷик – яке аз осебпазиртарин қишрҳои ҷомеа, махсусан, вақте ки дар муҳоҷират аст, то як бурида нон барои хонаводааш ба даст биорад – ба марказҳои вижаи мо на танҳо барои дарёфти иттилоот ва дониш меоянд, балки боз ҳамқисматони дигари худро ҳам тарғиб мекунанд, чун дилашон барои онҳо месӯзад, он гоҳ мефаҳмед, ки ин дунё рангин аст. Ман ин ҳарфҳро ҳангоми вохӯриям бо намояндагони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтам (барои тафсилот сафҳаи охири ин Моҳномаро бубинед), ва ман омодаам, ин ҳарфро ба тамоми ҷаҳон бигӯям – зиндагӣ зебост ва ҳар як нафар, сарфи назар аз чолишҳову мушкилот бояд ба ин ҳарфҳо бовар бикунад ва дигаронро ҳам бовар кунонад ва ҳеҷ касе набояд дилмонда шавад. Дар баробари он ки дасти ёрихоҳро мегирем, бояд ӯро ба ояндаи рӯшантар бовар кунонем – ҳамин аст ҳадафи созмони мо ва вазифаи мо.
The importance of belief to new and better life
Eric Michel-Sellier, IFRC, Tajikistan
Meetings with Tajik officials including the President of Tajikistan, with UN officials, with ambassadors, interviews with local and international media, participation at the Red Crescent celebrations, charity actions and visiting disaster-affected people – it was my schedule in May. When you work in Tajikistan, your calendar is always full of notes of meetings and events. It is not only because you have to work a lot and hard, but it is also because you have opportunities for looking for collaboration and cooperation.
Tajik officials are one of the best Red Cross/Red Crescent supporters in the places where I had a chance to work. They are always ready to listen to you, to share their views and accept suggestions for mutual cooperation. In the same time, they expect you to strictly follow your mission – mission of assistance to people who need this assistance. So, I was not surprised when the President of Tajikistan Emomali Rahmon seeing us, the Red Cross/Red Crescent representatives in the earthquake-affected area of Tavildara, came directly to us and asked – What kind of assistance was provided and what kind of actions is planned by the Red Crescent? Mr. President was especially glad to hear about our psychological support to the affected and shocked people. He thanked the Red Crescent Society of Tajikistan and IFRC for the timely response to the disaster and acting in the area which is usually remained out of the glance in Tajikistan – provision of psychological support.
People who lost their loved ones, their properties, everything and sitting in the ruins without enough food and hygiene – I saw this kind of people, who looking lost and without any hope in the eye for recovery not only during my visit to Tavildara, but many many times. These people in addition to food, in addition to shelter, in addition to hygiene and other items, need for the words which can reanimate the hope to life in their hearts, the words which ginger their love to life up. And luckily we were able to train tens of Red Crescent staff and volunteers who can say the right word in the right place – psychosocial team of the Red Crescent showed its ability to return people’s spirit to the normal life many times.
Many times – because the country faced disasters a lot. And there’s a need to increase the number of these teams and to improve the skills of their members – because the country is prone to disasters and seems, unfortunately, we will witness disasters a lot.
Reduction of the disaster risk and preparedness to the disasters in order to decrease the fatal and financial consequences were one of the main topics of talks in my meeting with United Nations officials – Mr. Anand Grover, the Special Envoy for Human Rights and Access to Health for People on May 30 and Mr. Alexander Zuev, UNDP Resident Representative in the Republic of Tajikistan on May 18. Mr. Anand showed deep interest in our activities, especially on HIV and TB prevention, as well as, we discussed the possible future cooperation. In discussion with Mr. Zuev, he expressed special interest to the proposal on cooperation on cross-border issues and programmes between Tajikistan and Afghanistan.
Cross-border issues was in the focus of discussions with Mr. Robin Ord-Smith, the Ambassador of the Great Britain to Tajikistan on May 18 and Dr. Abdoul Ghafour, the Ambassador of the Islamic Republic of Afghanistan to Tajikistan on May 24. The British ambassador expressed his readiness to support small programmes on cross-border issues, as well as his interest in visiting the Red Crescent programmes in the regions and following DFID funding. The Afghan ambassador was very glad that a cooperation agreement will be signed between the Red Crescent Societies of Tajikistan and Afghanistan this June with IFRC support. Dr. Abdoul Ghafour said that he is extremely ready to support the Red Crescent as much as he can.
That is very impressive that new opportunities are being opened for the Tajik Red Crescent. The National Society is entering a new, higher level and very soon will play an important role at the regional arena of the humanitarian activity. The evidence of that is increased attention of local and international media to this organization. Tens of print and internet media, as well as TV and radio stations frequently heed to our activities. BBC Persian Service, one of the most famous names in the international media scene, alongside with Tojnews, most known Tajiki-language news agency in the republic, accompanied us to visit an orphanage in Dushanbe city and elderly house in Vahdat city on the International Red Cross and Red Crescent Day. From all other interviews and publications, I would like to mention a round table on the Red Cross and Red Crescent mission in the world and activities in Tajikistan telecasted by local state TV station – “Safina”. I had a chance to promote humanitarian values through this channel together with Professor Ghiyosiddin Mirojov, Tajik Red Crescent President, and Mr. Abdulfattoh Shafiev, our Communications Officer. I had a chance to repeat my hope expressions that the Red Crescent Month will bring hundreds of new, active, smart and young volunteers to the Tajik Red Crescent – the same hopes I declared in the Red Crescent Month opening ceremony, where I had a meeting with Ms. Ruqiya Qurbonova, First Deputy of Tajik Prime-Minister.
As, when you see even Tajik labour migrants – one of most vulnerable groups of the population, especially when they are abroad to earn a piece of bread for their families – who come to our centers for migrants not only for getting information and knowledge, but also for volunteering to assist other migrants, than you understand that this world is still full of light and colours. I told this to the representatives of Russian Migration Service (just turn the page at this Newsletter for more details of this meeting) and I am ready to tell this to the whole world – the life is beautiful and every person, despite of all challenges and difficulties should believe and make others to believe in it and none should lose his heart. Making others to believe in this, when you take their hands extended for help – is our mission and our duty.
Мусоҳиба бо Эрик Мишел-Селйе, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон
Бознашр аз хабаргузории ”Озодагон”
Суол: Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, аз соли 1994 дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Барномаҳои Федератсия аз чаҳор ҷузъи калидӣ иборатанд: пешбурди ақида ва арзишҳои инсондӯстӣ; вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода; омодагӣ ба фоҷеаҳои табиӣ; ва саломатии ҷомеа. Раҳбарии намояндагии ин созмонро дар Тоҷикистон ҷаноби Эрик Мишел Селйе бар дӯш дорад. Ҷаноби Мишел Селйе барои сеюм бор аст, ки бо маъмурият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар маҷмӯъ, беш аз даҳ сол умри худро сарфи хидмат ба мардуми тоҷик кардааст. Ҳамакнун, аз ин масъули варзида ва пуртаҷрибаи Федератсияи байнулмилалӣ хоҳиш бикунем, ки доир ба созмони худашон маълумоти бештар ба мо бидиҳанд:
Посух: “Қабл аз ҳама ба Шумо барои таваҷҷӯҳатон ба фаъолияти мо ташаккур мегӯям. Мо ҳамеша талош мекунем, то бо расонаҳои хабарӣ ҳамкориҳои хуб роҳ биандозем ва тавассути ин расонаҳо мардумро, ки мақсаду мароми асосии фаъолияти мо ёрӣ ба мардум аст, аз фаъолиятҳои худ, комёбиҳо ва чолишҳои худ, аз нақшаҳои ояндаи худ иттилоъ бидиҳем ва ҳам арзишҳои башардӯстиро тарғиб намоем.
Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар соли 1919 дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар пайи Ҷанги аввали ҷаҳонӣ таъсис гардид. Ин ҷанг нишон дод, ки ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх барои ҳамкории наздиктар миёни худ ниёз доштанд. Дар ҷараёни ин ҷанг Ҷамъиятҳои Салиби сурхи кишварҳо ба воситаи фаъолиятҳои башардӯстонаи худ дар қиболи асирони ҷангӣ таваҷҷӯҳи миллионҳо ихтиёриро ба худ ҷалб карданд ва ба созмонҳои нерӯманд ва пуртаҷриба мубаддал гаштанд.
Ҳенрӣ Дэйвисон, раҳбари Кумитаи марбут ба ҷангҳо дар Салиби Сурхи Омрико нахустин шуда, пешниҳод кард, то як федератсияе бо узвияти Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ташкил гардад. Як ҳамоиши байнулмилалии тиббӣ, ки бо ибтикори ин мард баргузор гардид, бо таваллуди Лигаи ҷамъиятҳои Салиби Сурх анҷом ёфт. Исми ин созмонро дар моҳи октябри соли 1983 Лигаи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар карданд ва дар моҳи ноябри соли 1991 номи ҳозираи худро – яъне, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гирифт.
Ҳадафи созмони мо дар ибтидо беҳтар кардани саломатии мардум дар кишварҳое буд, ки аз ҷанг зарар дидаанд. Шиораш ҳам “ваҳдат ба хотири фаъолияти беҳтар ва бештари Ҷамъиятҳои мавҷудаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва тарғиби ташкили ҷамъиятҳои нав” буд.
Ин созмонро панҷ Ҷамъияти миллӣ: Салиби Сурхи Бритониё, Салиби Сурхи Фаронса, Салиби Сурхи Итолиё, Салиби Сурхи Ҷопон ва Салиби Сурхи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико таъсис додаанд. Шумори аъзои Федератсия хеле зуд афзоиш меёфт ва дар ҳоли ҳозир 187 Ҷамъияти миллӣ узви ин созмон мебошанд. Аз ҷумла, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар соли 1997 узви Федератсия гардид”.
Суол: “…вале худи Федератсия ба Тоҷикистон пештар омадааст, то дар баробари фаъолиятҳои дигар, ҳамчунин, ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои узвият дар Федератсия ёрӣ бидиҳад, ҳамин тавр не?”
Посух: “Оре, намояндагии Федератсия аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз рӯзҳои нахусти ҳузурамон дар Тоҷикистон мо талош дорем, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ёрӣ бирасонем.
Дар оғоз барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ироаи ғизо ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Сол аз сол Федератсия барномаҳои худро тавсеа дод ва ба феҳраси барномаҳои худ лоиҳаҳое оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, ёрӣ ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиву вогиршиносӣ ва рушди созмониро илова намуд. Ин ибтикорҳо дар ҷараёни чандин фаъолиятҳои фаврӣ пас аз вуқӯъи офатҳои табиӣ, ба мисли селу обхезиҳо, хушксолӣ ва камбуди ғизо, чанд офати табиии хурди дигар ва ғайра рӯидаст гирифта шуданд.
Сар аз соли 1999, Федератсия ва ҶҲАТ аз барномаҳои ёрирасонӣ ба тақвияти иқтидори созмонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо роҳи иҷрои барномаҳои Мудирияти офатҳои табиӣ, Беҳдоштӣ, Рушди созмонӣ ва Арзишҳои Инсондӯстӣ гузаштанд.
Суол: “Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон як кишвари осебпазир аз офатҳои табиист, метавонед дар бораи барномаҳои худ дар ин самт иттилоъи бештар бидиҳед?”
Посух: “Шумо комилан дуруст мегӯед, ки Тоҷикистон як кишвари осебпазир аз офатҳои табиист ва сабабаш ҳам дар ҷойгиршавии ҷуғрофии ин кишвар аст. Гувоҳи равшани ин ҳарфҳо арқоми расмист, ки танҳо дар аз моҳи январи ҳамин сол бад ин сӯ дар Тоҷикистон тақрибан 200 офати табиӣ рух додааст. Мо тамоми талоши худро дар ин муддат барои расонидани ёрӣ ба шумори ҳарчӣ бештари мардуми зарардида равона кардем. Мо ахиран ба бештар аз 3,000 сокини ноҳияи дурдасти Мурғоб ёрии ғизоӣ расонидем, асосан ба оилаҳои осебпазир, ба мисли хонадонҳои серфарзанд, оилаҳое, ки саробонашон зан аст, пирони барҷомонда ва танҳо ва маъюбон. Мо имсол Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар расонидани ёрии фаврӣ, ба монанди хаймаҳо, маводи сохтмонӣ, бастаҳои ёрии аввал, бастаҳои беҳдоштӣ, ва расонидани ёрии аввалу равонӣ дар вилояти Хатлон ва водии Зарафшон дастгирӣ кардем.
Намунаи тозатарини фаъолиятҳои мо дар ҳангоми офатҳои табиӣ зилзила дар водии Рашт мебошад. Ҳамон замон ба минтақа масъулони Ҳилоли Аҳмар рафтанд, то ба мардум ёрии аввал расонанд, ниёзҳои онҳоро биомӯзанд ва вазъашонро баҳогузорӣ намоянд ва онҳоро бо маводи лозима таъмин кунанд. Ман ҳамин ахиран аз Тавилдара баргаштам ва он ҳама харобиҳоро бо чашми худ дидам. Хурсандона, ин офат пурқурбонӣ набуд, ба бахти мардум, онҳо аз зери харобаҳо ҷон ба саломат бурданд, вале, мутаассифона, онҳо ҳама чизи худро аз даст доданд – сарпаноҳи худро, сарвату дороиҳои худро, молу амвол ва гову гӯсфандҳои худро…. Мо дар ин ҷо ҳам мардуми зарардидаро бо маводи мавриди ниёзи аввалия, ба мисли бастаҳои беҳдоштӣ ва ёрии аввал, зарфҳои обкашонӣ, таҷҳизоти ошхона, болишу кӯрпа, маводи сохтмонӣ ва ғайра таъмин кардем.
Мудирияти офатҳо яке аз самтҳои бартари фаъолияти мо мебошад ва ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо дар ҷодаи мудирияти офатҳо, коҳиши хатар ва вокуниши сареъ таҷрибаи ғанӣ дорем.
Мо ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ёрӣ медиҳем, то тавоноии худро ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ боло бибаранд, нерӯи зеҳниву молии Ҷамъиятро боло мебарем ва ҳамчунин, ба ҷомеаҳои осебпазири маҳаллӣ ёрӣ медиҳем, то беҳтар омода бошанд ва дониши бештар дошта бошанд. То имрӯз мо дар роҳи рушд ва тақвияти тавоноиҳои ҶҲАТ дар ин самтҳо ба комёбиҳо ноил гардидаем.
Мо мехоҳем мардуми маҳаллӣ беҳтар ва бештар омодаи вокуниш ба ҳолати изтирорӣ бошанд, мо онҳоро тамрин ва таълим медиҳем ва аз иқдомҳои марбут ба коҳиши хатари офатҳо пуштибонӣ мекунем. Мо чорабиниҳои иттилоотӣ ва огоҳсозӣ баргузор менамоем, шогирдон ва омӯзгорони мактабҳоро таълим медиҳем, ки чӣ гуна ба офатҳои баъдӣ вокуниш нишон бидиҳанд ва барои онҳо давраҳои омӯзиши омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ ва расонидани ёрии аввал баргузор менамоем. Мо лоиҳаҳои митигатсионӣ роҳандозӣ мекунем, то маҳаллаҳои осебпазирро аз эҳтимолияти лағзиши замин, сел, обхезӣ ва офатҳои дигар эмин доштаву, хатари офатҳоро коҳиш бидиҳад.
Дар маҷмӯъ, ҳадафи мо дар самти мудирияти офатҳо коҳиши хатари рух додани офат мебошад, мо мехоҳем ҷомеаҳо омӯзишдида ва омодаи вокуниш бошанд ва пас аз офатҳо ҳарчӣ зудтар ва осонтар эҳё бигарданд.
Суол: “Моҳи май барои нахустин бор дар Тоҷикистон Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар таҷлил мегардад. Агар дар тамоми ҷаҳон танҳо як рӯз – 8-уми май ҳамчун Рӯзи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷашн бигардад, дар Тоҷикистон як моҳи пурра ба ин ҷашн бахшида шудааст. Ин як моҳ, ба андешаи Шумо, ба Ҳилоли Аҳмар чӣ медиҳад?
Посух: Хуб, он ки ин Моҳвора ба мо чӣ медиҳад. Ин Моҳвора таваҷҷӯҳи ҳазорон нафарро дар Тоҷикистон ба корҳои хайр ва эҳсон ҷалб мекунад, ба ниёзҳои дигарон ҷалб мекунад. Ман мутмаинам, ки то охири ин моҳ шумори ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмар бештар мегардад, бидуни ихтиёриён мо наметавонистем ба ин қадар одамони зиёд ёрии худро расонем.
Ман мутмаинам, ки шумори одамоне, ки мехоҳанд дасти ниёзмандеро бигиранд, бештар хоҳад шуд, чун ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш Рӯдакии бузург гуфта буд, гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Ман боварӣ дорам, ки ҷавонони зиёди тоҷик ба мо ёрӣ хоҳанд дод, то ба дигарон ёрӣ бидиҳем. Чун ман медонам, ки ҷавонони тоҷик ба сарнавишти миллати худ, ҳамсояҳо, хешутабор ва дӯстони худ бепарво нестанд.
Мо ҳам ҷузви ҳамин мардумем. Мо ҳам дарди мардумро ҳис мекунем. Ягона ниятамон ҳам ёрӣ ба мардум аст. То ки мо ба ниёзмандон ёрӣ расонида тавонем, чунин афрди хайрхоҳе мисли Шумо аз кишварҳои гуногун моро дастгирӣ мекунанд. Агар барои як пири барҷомондае дар Ишкошим доруворӣ харида тавонистем ва ё аз ятимхонае дар Хуҷанд боздид карда тавонистем, пас ин маънои онро дорад, ки дар ин иқдомҳо моро шояд кадом як хайрхоҳи дигаре аз Осло ва ё шояд Токио ёрӣ додааст. Ман ин шаҳрҳоро ҳамчун мисол оварда истодаам, вале дар маҷмӯъ, мехоҳам бигӯям, ки агар дасте барои ёрӣ дароз шуд, пас ҳатман нафаре пайдо хоҳад шуд, ки ин дасти фитодаро бигирад.





