Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар соли гузашта корҳои назаррасеро ба сомон расонид.
Қисми саввум: Шӯъбаи рушд
Қисми аввал ин ҷост
Қисми дуввум ин ҷост
Дар чаҳорчўби барномаи “Рушди бунёдин” (инститсионалӣ) тайи давраи ҳисоботӣ асосан иқдомоти оинномавӣ амалӣ гардид. Семинари серўза вобаста ба масъалаҳои ҷамъовари маблағ барои 25 нафар кормандони бахшҳои ҳудудӣ ва маҳаллӣ бо дастгирии молиявии барномаи DIPECHO ва барои кормандони нав ба сафи ҶҲАТ пайвастшуда семинарҳои омўзишӣ гузаронида шуданд. Пешниҳоди 3 лоиҳа аз ташилотҳои ибтидоӣ натиҷаи семинари мабалғҷамъкунӣ мебошад. Гузаронидани вохўриҳо бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ дар назди бахшҳои ҳудудӣ қариб ба ҳукми анъана даромадааст. Дар заминаи барномаи “Афзун намудани тавони ҶҲАТ” аз тариқи иртиқои ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва бахшҳои он, ки ҳадаф аз он таҳкими тавони Ҳилоли Аҳмар дар заминаи тарҳрези ва ба таври судбахш пиёда намудани барномаи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, коҳиши хатари фоҷиаҳо дар сатҳи ҷамоатҳо ва ҳамчунин амалӣ намудани барномаҳои ёрии аввалия ва тарвиҷи тарзи зиндагонии солим дар миёни мардум мебошад, дар вилоятҳои Суғду Хатлон (минтақаи Қурғонтеппа) ва ВМКБ амал менамояд.
Ҳар як кумитаи маҳаллӣ 60 хонаводаро (ба таври мутавассит 300 нафар дар сол) бо омўзиш фаро мегирад, ки ин миқдор дар давоми сол 2640 хонаводаро ташкил хоҳад дод.
| Курсҳо |
Дохилшудагон |
Тамомкардагиҳо |
| Дўзандагӣ |
385 |
385 |
| Пазандагӣ |
668 |
668 |
| Компютери |
236 |
236 |
| Ҷамъ |
1289 |
1289 |
Барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар марказҳои иҷтимоии бонувони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров ва Спитамен 1289 нафар занону духтарони камбизоат касбҳои дўзандагӣ, пазандагӣ ва компютериро ба итмом расонида соҳиби сертификат гардиданд. Барориши маркаҳои мабалғҷамъкунӣ кўмаки амале буд, барои бахшҳои ҳудудӣ ва маҳаллии ҶҲАТ дар бобати иҷрои нақшаи молиявӣ. Дар доираи нақша-чорабиниҳо «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмон ба истифодабарӣ додани бинои бахши ҶҲАТ дар н.Рўшон яке аз иншоотҳои ҷашнӣ тавассути барномаи мазкур буд.
Дар доираи барномаи «Тарғиби арзишҳои башардўстӣ ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» дар давраи ҳисоботӣ дар назди бахшҳои ҶҲАТ дар ш.Хуҷанд ва н.Рашт мизи мудаввар дар мазўи «Истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар қаламрави Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур котибони иҷроияи бахшҳои тобеияти вобаста ба барнома дошта, намояндагон аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ва кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ иштирок доштанд. Ҷараёни мизи мудаввар дар муҳити корӣ дар атрофи мавзўи истифодаи аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар идома ёфта, ба иштирокчиён дар аввал, маърўзаҳо дар мавзўъҳои Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, истифодаи дурусти аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, пешниҳод карда шуд. Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки дар самти истифода ва муайян намудани истифодаи ғайриқонунии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамкории худро бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон боз ҳам тақвият мебахшанд. Аммо имрўз бисёр ҳодисаҳои нодурурст истифодабараии амолати Ҳилоли Аҳмарро мебинем ва барои рафъи ин хатогиҳо ҷиддитар рафтор бояд кард.
Роҷеъ ба барномаи “Кор бо ҷавонону ихтиёриён” низ дар давраи ҳисоботӣ иқдомоти муассире пиёда карда шуд. Дар ин давра оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият бо дигар ташкилотҳои ҳамкори дохили Ҳаракат ва ташкилотҳои байналхалқӣ ва аз он ҷумла бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурӣ корҳои назаррасе анҷом дода шуданд. Семинари омўзишӣ барои 30 нафар кормандони ва ихтиёриёни фаъол дар Маркази омўзишии ҶҲАТ дар мавзўи навиштани лоиҳаҳо гузаронида шуд.
Аз моҳи январи соли 2011 мўҳлати барномаи «Марказҳои иттилоотӣ ва омўзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ» боз барои шаш моҳи дигар тамдид карда шуда бошад ҳам, мутаассифона аз 06.06.2011 фаъолияти барнома вобаста ба вазъи молиявӣ муваққатан боздошта шудааст. 5 марказ нақшаи кории худро дар давраи набудани маблағ омода намуда фаъолият кардаанд. Ин марказҳо, ки дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Роштқалъа, Шаҳристон ва Ашт фаъолият менамоянд, дар заминаи омодагии ҳуқуқӣ, омўзши забони русӣ ва истфода аз компьютер ва аз интернет дар давраи ҳисобтӣ 1591 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва инчунин мактаббачагон аз мактабҳо ва донишомўзон аз донишкадаҳои касбӣ-техникӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла дар ноҳияи Ашт аз маркази иттилоотӣ-омўзиши барои муҳоҷирон дар давоми се моҳаи аввал 337 муҳоҷир бо омӯзиш фаро гирифта шуданд. Дар маркази иттилоотӣ-омўзишии барои муҳоҷирони ноҳияи Панҷ бошад ба 202 ва дар ноҳия Восеъ ба 320 нафар, ноҳияи Шаҳристон 247 ва дар ноҳияи Роштқалъа 485 муҳоҷири меҳнатӣ хизматрасониҳои дар боло зикршуда пешниҳод гардид. Зимни ин барнома ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба марказҳои мазкур ташриф меоранд машваратҳои ҳуқуқи пешниҳод гардида ва инчунин ба хоҳишмандон аз байни онҳо дарси омўзиши забони русӣ ва компютер ройгон гузаронида шудааст. Дар давраи мазкур 1800 нусха китобча «Роҳнамо барои муҳоҷири меҳнатӣ» бо забони тоҷикӣ ва русӣ чоп карда шуд, ки қисман ба якчанд марказ фиристода шуд, ки он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақсим карда шуд, қарор аст боқимонда китобчаҳо мибаъд ба марказҳои мазкур фиристода шаванд, то мавриди истифодаи муҳоҷирони меҳнати қарор гиранд.
Дар аввали моҳи март дар шаҳри Душанбе вохўрии навбатии шабакаи ҷамъиятҳои милли Ҳилоли Аҳмари Осиёи Миёна оиди масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 5 марказ иштирок намуданд ва дар рафти ин вохўри фаъолияти марказҳо ва дигар масъалаҳои маблағгузории барнома дар оянда мавриди барраси қарор гирифтанд. Зимни ин вохўрӣ тамоми кормандони шабака пешниҳодоти худро омода намуда дар шакли презентатсия барои Ҳамоиши сарони ҷамъиятҳои милли Осиёи Марказӣ, ки дар он рўзҳо дар Душанбе мегузашт, пешниҳод намуданд. Кормандони барномаи муҳоҷирати ҶҲАТ дар ин вохўрӣ хеле фаъолона иштирок намуданд. Дар ин муддат ҷиҳати бозрасии фаъолияти марказҳои иттилоотӣ-омўзишӣ барои муҳоҷирон дар н. Ашт ва Шаҳристон боздид анҷом дода шуд. Дар рафти боздид маълум карда шуд, ки гарчанде фаъолияти марказҳо идома дошта бошад, ҳам дар ҳуҷҷатгузории марказҳои мазкур камбудиҳо мавҷуданд ва нисбати он камбудиҳо тавсияҳо пешниҳод гардид, то камбудиҳои ҷойдоштаро дар мўҳлати муқарраргардида бартараф намоянд. Ҳамкории марказҳои мазкур бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораи маориф, мактабу марказҳои донишомўзи ва дигар ташкилотҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки тамоми кормандони марказҳо аз дастгирии ҳукуматҳои маҳалли бархурдор мебошанд.
Мақсади асосии барномаи «Рушди ташкилотҳои ибтидоӣ» паст намудани хавфи ҳолатҳои фавқулода ва касалиҳои сироятӣ дар оилаҳои ниёзманди Тоҷикистон бо роҳи таъғир додани рафтор ва баланд бардоштани маҳорату малакаи онҳо мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ асосан корҳои омодагӣ амалӣ гардиданд. Намояндагони Салиби Сурхи Финландия ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Мақсади асосии ташрифи меҳмонон ин гузаронидани омӯзиш «Тартиботи ба роҳ мондани таъминоти моддӣ - техникии ташкилот» буд. Аз 10-ум то 15 –уми марти соли 2011 дар шаҳри Душанбе омӯзиш дар мавзўи «Тартиботи ба роҳ мондани таъминоти моддию техникии ташкилот» ташкил ва гузаронида шуд. Дар омӯзиш кормандони Дастгоҳи иҷроияи КМ ва бахшҳои ҳудудию ноҳиявӣ иштирок намуданд. Гузаронидани маҷлиси семоҳа, мониторинги рафти иҷрои нақшаи корӣ, семинар дар мавзўи навиштани лоиҳа, муайянкунии эҳтиёҷот, маҳорати барандагӣ, рушди ташкилӣ ва соир мавзўъҳо натиҷаҳои асосии фаъолияти давраи ҳисоботианд. Се деҳаи нав мутобиқи нақшаи пешниҳодшуда ба таври таҷрибавӣ интихоб шуданд. Барнома дар дар шаҳрҳои Нораку Ваҳдат ва ноҳияҳои Нурободу Данғара амалӣ карда мешавад. Аз 16 лоиҳаи пешниҳошуда лоиҳаҳои зерин тавассути барнома дар давраи ҳисоботӣ дастгирӣ ёфтанд:
- Дар ш.Норак, лоиҳаи Соҳилмустаҳкамкунӣ бо роҳи дарахтшинонӣ дар ҷамоати Пули Сангин, деҳаи Қабил
- Дар ш.Ваҳдат, лоиҳаи Селпарто дар ҷамоати Чуянгарон, деҳаи Шаҳдрез
- Дар н.Данғара, лоиҳаи Оби нўшоки дар ҷамоати Оқсу, деҳаи Файзбахш
- Дар н.Нуробод, лоиҳаи Селпарто дар ҷамоати Комсомолобод, деҳаи Душохазамин
Дар чаҳорчўби барномаи хадамоти иттилорасонии ҶҲАТ муҳимтарин коре, ки дар оғози соли ҳисобтӣ рух дод, аз навкунии хонаи интернетии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (http://tajikistanrc.wordpress.com) буд. Моҳномаи муштараки ҶҲАТ ва ФБҶСС ва ҲА бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мунтазам дастрасӣ бахшҳои ҳудудӣ ва маҳаллӣ мешавад. Дар моҳнома муҳимтарин дастовардҳои ҶҲАТ дар соли 2011 ҷой дода шудаанд.