
Ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо пероҳану кӯлоҳи сафеду сурхи худ ва бо парчамҳои Ҳилоли Аҳмар дар даст ҷузви муҳимми Дави миллии имсола дар таърихи 20-уми май буданд.
Дави миллӣ аз дарвозаи Варзоб сар шуд ва тақрибан то ба ҳамаи маркази пойтахти Тоҷикистон давом кард.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамроҳ бо ихтиёриён ва кормандони бахши душанбегии худ бо хушнудӣ ба ин чорабинии муҳим шарик гардиданд. Ҷамъият ҳамаи 60 ширкатдори Давро бо пероҳан, кӯлоҳ ва парчамҳо таъмин намуд. Бештар аз 50 корманду ихтиёрии Ҷамъият, ҳамчунин, дар Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд низ иштирок карданд.
Набиҷон Сиддиқшоев, ҳамоҳангсози барномаи ҷавонон ва ихтиёриёни ҶҲАТ, мегӯяд, ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмар дар ҷараёни чорабинии варзишӣ имкони дидор бо ихтиёриёни созмонҳои дигар ва баррасии ҳамокриҳои ояндаро доштанд. Ӯ таъкид мекунад, ки “ҳамчунин, дар ин моҳ барномаҳои гуногуни марбут ба ҷавонон, ихтиёриён ва тарзи солими зист баргузор гардиданд, то ки дониши иштирокчиёнаш бештар гардад, иттилооти нав бигиранд, таҷрибаи ҳамро биомӯзанд ва имкони ҷалби ҷавонони нав ба Ҳаракат пайдо гардад”.
Даҳ давандаи беҳтарин бо ҳадяҳои махсус аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар қадрдонӣ гардиданд. Парвиз Шарифов, яке аз ин давандаҳо ва ихтиёрии Ҳилоли Аҳмар, мегӯяд, “Ман намедонистам, ки ин қадар тез медавам J. Шӯхӣ мекунам, албатта. Мехоҳам ба созмондиҳандагони ин сабқат сипос гӯям ва умедворам, ки Ҳилоли Аҳмар низ бо ҳамон суръате рушд мекунад, ки ихтиёриёнаш медаванд”.