Archive

Posts Tagged ‘RDRT’

RDRT Training in Norak. “Jahonnamo” TV Report (English)

June 5, 2011 Comments off

Тренинг RDRT в Нораке. Репортаж ТВ “Стан”. (на русском)

June 3, 2011 Comments off

Тамриноти RDRT дар Норак. Гузориши телевизионии ТВ “Ҷаҳоннамо” (тоҷикӣ)

June 1, 2011 Comments off

ВОКУНИШ БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ ҚАВИТАР ВА ҚАТЪИТАР ХОҲАД ШУД (ПРЕСС-РЕЛИЗ)

May 14, 2011 Comments off

Имрӯз, 14—уми май, дар шаҳри Нораки Тоҷикистон давраи омӯзишии Гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офати табиӣ (RDRT) оғоз шуд, ки то ба 22-юми май идома хоҳад кард. Иштирокдорони ин давра дониш ва маҳорати худро дар мавриди вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ боло хоҳанд бардошт.

Чорабинӣ аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, мақомоти вилояти Хатлон ва бо маблағгузории барномаи ДИПЕКО 6 ва маблағгузорони ФБҶ СС ва ҲА баргузор мегардад. Тақрибан 30 нафар аз кормандони пуртаҷрибаи ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Салиби Сурхи Русия, Арманистон, Маҷористон, ҳамчунин, масъулони ФБҶ СС ва ҲА ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар ин давра иштирок хоҳанд кард. Аз кишварҳои гуногун коршиносони таҷрибадор дар соҳаҳои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, баҳодиҳӣ, таъмин бо паноҳгоҳ, барқарорсозӣ, ҳамоҳангсозӣ, об ва беҳдоштӣ, тандурустӣ, ёрии аввал ва хадамоти лоҷистикӣ барои дарсгӯӣ ба иштирокдорони ин давра даъват шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нахустин бор мизбони ин давра хоҳад буд.

RDRT яке аз воситаҳои калидии вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳо гуногун мебошад, ки аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА таъсис шудааст. RDRT дар Осиёи Марказӣ пурра аз кормандони панҷ ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар иборат аст. Аъзои RDRT афроди пуртаҷриба дар соҳаҳои тандурустӣ, логистика, об ва беҳдоштӣ, ва ҳамчунин, тақсимоти ёриҳо мебошанд. Онҳо дар кишварҳои худ, ҳамчунин, дар сатҳи минтақавӣ таҷрибаи ғанӣ бардоштаанд. Ҳадафи RDRT боло бурдани тавони минтақавии мудирияти офатҳо мебошанд.

Improving Disaster Response Skills (Press-Release)

Улучшение навыков реагирования на бедствия (Пресс-релиз)

Ба иттилоъи ҷаноби Эрик Мишел-Селлиер, намояндаи ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишии мазкур таъсиси гурӯҳи тавонманд барои вокуниш ба офатҳои табиӣ, боло бурдани сатҳи дониш ва маҳорати он кормандон ва ихтиёриёне, ки ба фаъолияти RDRT ҷалб шудаанд, ва тақвияти ҳамкориҳо миёни ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ мебошад. Ҷаноби Мишел-Селлиер мегӯяд, ин давра “имконияти воқеъии омӯзишӣ ва шонсе барои табодули таҷриба ва дониш мебошад. Ин давра масъулони пуртаҷриба дар соҳаи мудирияти офатҳоро гирди ҳам меоварад ва ҳамкориҳову тақсимоти фаъолият ва нақшҳоро дар вақти зарурӣ тақвият мебахшад.

Рӯзи 18-уми май, ҳамчун як бахше аз давраи омӯзишӣ Тамриноти амалӣ ҷиҳати вокуниши муассиру сареъ ба офатҳои вонамудӣ ва нақшрезишудаи табиӣ ва ҳамоҳангии талошҳову фаъолият баргузор хоҳад шуд. Дар ҷараёни ин тамриноти амалӣ иштирокдорони давра донишу малакаи омӯхтаи худро дар амал санҷида, тақвият хоҳанд бахшид.

Аз рӯи сенария, дар баъзе аз маҳаллаҳои Норак зилзила, лағзиши замин ва обхезӣ рух медиҳад ва RDRT бояд омодаи вокуниши саривақтӣ ба ин офатҳо бошад, воқеаро таҳлил намояд, бо мақомот ҷиҳати дарёфти ниёзҳои онҳо мулоқот намояд, фаъолиятҳои лозимаро ба нақша бигирад ва ҳамоҳанг намояд, дар корҳои наҷотбахшӣ ва расонидани ёрии аввал, ёрии равонӣ, паноҳгоҳ, ғизо ва маводҳои лозима ба зарардидагон иштирок намояд, ва ғайра. Мақомоти маҳаллӣ, пизишкон, пулис, хадамоти изтирорӣ, аҳолии маҳаллии се маркази маъмурии шаҳри Норак, ҳамчунин, кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ дар ин тамриноти амалӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бар ин бовар аст, ки давраи омӯзишӣ ба иштирокдоронаш имкон хоҳад дод, то биомӯзанд, ки дар ҳолати фавқулода чӣ гуна метавон гурӯҳи вокуниш ва наҷотбахшонро таъсис доду раҳбарӣ намуд, чӣ гуна бояд вазъиятро таҳлил ва баррасӣ кард, чӣ гуна бояд нақшаи фаъолият ва буҷа тартиб дод, фаъолиятро бо мақомот чӣ гуна бояд ҳамоҳанг намуд, чӣ гуна корҳои наҷотбахшӣ ва паноҳгоҳи муваққатиро метавон ба роҳ монду ба зарардидагон чӣ гуна бояд ёрии аввал ва психологӣ расониду ба онҳо чӣ гуна ғизо ва маводи лозима тақсим кард, масъалаҳои логистикӣ ва чолишҳои дигарро чӣ гуна метавон ҳал намуд, ба расонаҳои хабарӣ чӣ гуфт ва ғайра. Иштирокдорони давра ҳамчунин бо сохтори бахши мудирияти офатҳои ФБҶ СС ва ҲА, истилоҳоти соҳа ва ташреҳоти онҳо, василаҳои ФБҶ СС ва ҲА барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ғайра шинос хоҳанд шуд.

Агар шумо аз ин давраи омӯзишӣ ва ё тамриноти амалӣ гузориш кардан мехоҳед ва ё ба шумо маълумоти муфассалтар, аксҳо, наворҳои видеоӣ аз ин чорабинӣ лозиманд, метавонед ба масъулони зер муроҷиат намоед: 

Абдулфаттоҳ Шафиев
Масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеа
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Шумораи телефон: +992 98 808 88 11
Имейл, М-Агент ва Мой Мир: abdulfattoh@inbox.ru
www.tajikistanrc.wordpress.com
 
Ганҷина Бобоқулова
Масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеа
Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон
Тел: +992 372 2240033; 2244296; 98 584 3568
Имейл: ganjina.bobokulova@ifrc.org 
Web-site: www.ifrc.org
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.