Archive

Posts Tagged ‘safe access’

Ба ҶҲАТ дастрасии амнро меомӯзонанд

October 6, 2011 Comments off

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх муштаракан давраи омӯзишии дурӯзаеро дар чаҳорчӯбаи барномаи «Дастрасии амн» баргузор намуданд.

Ин давра, ки рӯзҳои чаҳорум ва панҷуми октябр дар дафтари КБСС дар Душанбе доир шуд, беш аз 20 ширкатдорашро бо усулҳои ироаи ёриҳои тиббӣ ва башардӯстона дар ҳолати низоъҳои мусаллаҳона шинос кард. Аксари ширкатдорон ҳам котибони иҷроияи шӯъбаҳои минтақавии Ҷамъият мебошанд.

Дар расми оғози давраи омӯзишӣ дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов, муовини ӯ Назар Валиев ва намояндаи КБСС Дебора Чмара таъкид карданд, ки чунин давраҳои омӯзишӣ барои боло бурдани сатҳи дониш ва огоҳии масъулону кормандони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз манфаат холӣ нест.

Categories: safe access Tags:
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.