Сафири Шоҳигарии Норвегия дар меҳмонии ҶҲАТ
Навиштаи Мустафо Сурхов
18-уми январи соли равон Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) З. Муҳаббатов сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Қазоқистон ва Тоҷикистон ҷаноби Даг М. Ҳалворсенро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ёвари сафири фавқуллода ва мухтори Шоҳигарии Норвегия хонум Минда Снефрид К. Ҳолм, танзимгари кулли барномаҳои ҶҲАТ Н. Валиев, сардори шӯъбаи рушд М. Шумқоров ва инчунин намояндаи Федератсия Байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС ва ҲА) дар Тоҷикистн Эрик Мишел Селлиер ва масъули барномаи омодагии ба ҳолатҳои фавқулоддаи ФБСС ва ҲА Ш. Муҳиддинов иштрок намуданд.
Мақсади асосии ташрифи ҷаноби Даг М. Ҳалворсен ба ҶҲАТ иттилоъ додан оиди маблағгузории Вазорати корҳои хориҷаи (ВКХ) Шоҳигарии Норвегия тавассути ФБСС ва ҲА ба барномаҳои рушд, беҳдошти об, муҳоҷират ва ҳолатҳои фавқулоддаро, ки аз тарафи ҶҲАТ дар муддати се сол амалӣ карда мешаванд, мебошад. Дар рафти вохӯрӣ Котиби генералӣ З. Муҳаббатов ва танзимгари кулли барномаҳои ҶҲАТ Н. Валиев оиди барномаҳое, ки аз тарафи ВКХ Шоҳигарии Норвегия бояд маблағгузорӣ шаванд ва дар умум оиди мақсаду маром, фаъолиятҳо ва барномаҳои ҷории ҶҲАТ маълумот пешниҳод намуданд.
Инчунин намояндаи ФБСС ва ҲА ҷаноби Эрик Мишел Селлиер оиди он барномаҳое,ки тавассути ФБСС ва ҲА дар ҶҲАТ маблағгузорӣ мешаванд, маълумот ироа намуда, омодагиашро оид дастгирии ин иқдоми неки ВКХ Шоҳигарии Норвегия изҳор дошт. Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигари Норвегия ҷаноби Даг М. Ҳалворсен дар навбати худ аз ҳамкорӣ бо ҶҲАТ ва ФБСС ва ҲА изҳори хушнудӣ намуда дар оянда барои ҳамкории бештар омодагии хешро иброз дошт.



